МАШҒУЛИЯТИ СЕМИНАРИИ СУДЯҲОИ СУДИ ВИЛОЯТ ВА СУДҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН (25.09.2020 сол)

  

Субҳи имрӯз дар толори маҷлисгоҳи судии Суди вилояти Хатлон  машғулияти семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои моҳи сентябри соли 2020 бо риояи тамоми қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва бехатарӣ аз бемории COVID-19 баргузор гардид.

Пеш аз оғози семинари мазкур Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид. Дар Конфронс муовини якуми раиси Суди шаҳри Бохтар муҳтарам Муҳидинзода Сайфидин Салоҳ дар мавзузӯи Забони давлатӣ баромад кард.  Раиси Суди вилояти Хатлон ҳамаи судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳои вилояти Хатлонро бо фарорасии ҷашни Рӯзи забони давлатӣ табрик намуд.

Дар машғулияти семинарии мазкур раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовини якуми раиси суди вилоят Бойзода Темур Гулбой, муовинони раиси суди вилоят, судяҳои суди вилоят, раисон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон муҳтарам Ҳамзазода Тоҳир Сафар иштирок варзиданд.

 

Дар семинари мазкур судяҳои масъул тибқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ дар мавзуҳои гуногун баромад намудан.

Инчунин дар семинар дигар масъалаҳое, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо ташвишовар мебошанд, ин яъне дуруст татбиқ намудани меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ, даст назадан ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судягӣ, пишгирии омилҳои коррупсионӣ дар судҳо, хушмуомила будан бо шаҳрвандон ва сари вақт бо сифат баррасӣ намудани арзу шикоятҳои онҳо мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифта шуд.