МАШҒУЛИЯТИ СЕМИНАРИИ СУДЯҲОИ СУДИ ВИЛОЯТ ВА СУДҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН (28.08.2020 сол)

Санаи 28 августи соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи судии Суди ноҳияи Данғара  машғулияти семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои моҳи августи соли 2020 бо риояи тамоми қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва бехатарӣ аз бемории COVID-19 баргузор гардид.

Дар машғулияти семинарии мазкур муовини якуми  Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфуллозода Шавкат, раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовини якуми раиси суди вилоят Бойзода Темур Гулбой, муовинони раиси суди вилоят, судяҳои суди вилоят, раисон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок варзиданд.

Дар семинари мазкур судяҳои масъул тибқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ дар мавзуҳои гуногун баромад намудан.

Инчунин дар семинар дигар масъалаҳое, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо ташвишовар мебошанд, ин яъне дуруст татбиқ намудани меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ, даст назадан ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судягӣ, пишгирии омилҳои коррупсионӣ дар судҳо, хушмуомила будан бо шаҳрвандон ва сари вақт бо сифат баррасӣ намудани арзу шикоятҳои онҳо мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифта шуд.

Инчунин, баъди хотима ёфтани машғулияти семинарӣ собиқ судяи Суди вилояти Хатлон Олимзода Улфат Розиқро барои ба нафақа баромаданаш,  роҳбарияти Суди Олӣ ва суди вилоят бо суханҳои табрикӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тантанавор гусел намуданд.