МАШҒУЛИЯТИ СЕМИНАРИИ СУДЯҲОИ СУДИ ВИЛОЯТ ВА СУДҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН (29.04.2023 сол)

   

Санаи 29 апрели соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Қасри фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон машғулияти семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои моҳи апрели соли 2023 баргузор гардид.

Дар машғулияти семинарии мазкур   муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфуллозода Шавкат, раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон Шамсулло Салим, муовинони раиси суди вилоят Наимзода Пайрав Сулаймонӣ, судяҳои суди вилоят, раисон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон,  судяҳои Суди ҳарбии гарнизони Хатлон иштирок варзиданд.

Инчунин, дар семинари мазкур раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам  Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода  низ иштирок варзиданд.

Дар семинари мазкур судяҳои масъул тибқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ дар мавзуҳои гуногун баромад намудан.

Инчунин дар семинар дигар масъалаҳое, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо ташвишовар мебошанд, ин яъне дуруст татбиқ намудани меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ, даст назадан ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судягӣ, пишгирии омилҳои коррупсионӣ дар судҳо, хушмуомила будан бо шаҳрвандон ва сари вақт бо сифат баррасӣ намудани парвандаҳо мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифта шуд.