МАШҒУЛИЯТИ СЕМИНАРИИ СУДЯҲОИ СУДИ ВИЛОЯТ ВА СУДҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН (29.10.2020 сол)

Субҳи имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз  машғулияти семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои моҳи октябри соли 2020 бо риояи тамоми қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва бехатарӣ аз бемории COVID-19 баргузор гардид.

 

Дар машғулияти семинарии мазкур раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷаббори Ғаффор, муовини якуми раиси суди вилоят Бойзода Темур Гулбой, муовинони раиси суди вилоят, судяҳои суди вилоят, раисон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, судяҳои Суди ҳарбии гарнизони Хатлон иштирок варзиданд.

Дар семинари мазкур судяҳои масъул тибқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ дар мавзуҳои гуногун баромад намудан.

Инчунин дар семинар дигар масъалаҳое, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо ташвишовар мебошанд, ин яъне дуруст татбиқ намудани меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ, даст назадан ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судягӣ, пишгирии омилҳои коррупсионӣ дар судҳо, хушмуомила будан бо шаҳрвандон ва сари вақт бо сифат баррасӣ намудани арзу шикоятҳои онҳо мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифта шуд.