МАШҒУЛИЯТИ СЕМИНАРИИ СУДЯҲОИ СУДИ ВИЛОЯТ ВА СУДҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН (30.04.2021 сол)

 

Санаи 30 апрели соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон  машғулияти семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои моҳи апрели соли 2021 бо риояи тамоми қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва бехатарӣ аз бемории COVID-19 баргузор гардид.

Дар машғулияти семинарии мазкур муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Исҳоқӣ Амирхон, раиси коллегияи граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода муҳтарам Қодирзода Тоҳир Қамар, раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовини якуми раиси суди вилоят муҳтарам Бойзода Темур Гулбой,  муовинони раиси суди вилоят Аҳёзода Шамсулло Салим ва Табарзода Изатулло, судяҳои суди вилоят, раисон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, судяҳои Суди ҳарбии гарнизони Хатлон иштирок варзиданд.

 

Дар семинари мазкур судяҳои масъул тибқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ дар мавзуҳои гуногун баромад намудан.

Инчунин дар семинар дигар масъалаҳое, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо ташвишовар мебошанд, ин яъне дуруст татбиқ намудани меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ, даст назадан ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судягӣ, пишгирии омилҳои коррупсионӣ дар судҳо, хушмуомила будан бо шаҳрвандон ва сари вақт бо сифат баррасӣ намудани арзу шикоятҳои онҳо мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифта шуд.