Машғулияти семинарии кормандони дастгоҳи Суди вилояти Хатлон ва судҳои шаҳру ноҳияҳои он

Санаи 25 июли соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи  Суди вилояти Хатлон машғулияти семинарии кормандони дастгоҳи судҳои вилояти Хатлон ва судҳои шаҳру ноҳияҳои он барои моҳи июли соли 2025 баргузор гардид.

Дар машғулияти семинарии мазкур и.в.раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим, судяи Суди вилояти Хатлон муҳтарам Абдуллозода Фарҳод, кормандони дастгоҳи Суди вилояти Хатлон ва судҳои шаҳру ноҳияҳои он иштирок варзиданд.

Дар семинари мазкур кормандони дастгоҳи  масъул тибқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ дар мавзуҳои гуногун баромад намудан.

Инчунин дар семинар дигар масъалаҳое, ки ташвишовар мебошанд, ин яъне даст назадан ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи ҳокимияти судӣ, пишгирии омилҳои коррупсионӣ дар судҳо, хушмуомила будан бо шаҳрвандон ва сари вақт бо сифат  иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифта шуд.