Машғулияти семинарии кормандони дастгоҳҳои судҳои вилояти Хатлон барои моҳи январи соли 2024 (2.02.2024 сол)

      

Санаи 2 феврали соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи  суди вилояти Хатлон машғулияти семинарии кормандони дастгоҳи судҳои вилояти Хатлон барои моҳи январи соли 2024 баргузор гардид.

Дар машғулияти семинарии мазкур раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, судяи суди вилояти Хатлон муҳтарам Раҷабзода Суҳроб, кормандони дастгоҳи суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок варзиданд.

 

Дар семинари мазкур кормандони дастгоҳи  масъул тибқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ дар мавзуҳои гуногун баромад намудан.

Инчунин дар семинар дигар масъалаҳое, ки ташвишовар мебошанд, ин яъне даст назадан ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи ҳокимияти судӣ, пишгирии омилҳои коррупсионӣ дар судҳо, хушмуомила будан бо шаҳрвандон ва сари вақт бо сифат  иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифта шуд.