Машғулияти семинарии судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳои вилояти Хатлон барои моҳи ноябри соли 2023 (24.11.2023 сол)

Санаи 24 ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи  Кохи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон машғулияти семинарии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои вилояти Хатлон барои моҳи ноябри соли 2023 баргузор гардид.

Дар машғулияти семинарии мазкур раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини якуми раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим, муовини  раиси суди вилояти Хатлон Наимзода Пайрав Сулаймонӣ,  судяҳои суди вилоят, раисон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок варзиданд.

 

Дар семинари мазкур судяҳои масъул тибқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ дар мавзуҳои гуногун баромад намудан.

Инчунин дар семинар дигар масъалаҳое, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо ташвишовар мебошанд, ин яъне дуруст татбиқ намудани меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ, даст назадан ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судягӣ, пишгирии омилҳои коррупсионӣ дар судҳо, хушмуомила будан бо шаҳрвандон ва сари вақт бо сифат баррасӣ намудани парвандаҳо мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифта шуд.