МАШҒУЛИЯТИ СЕМИНАРИИ СУДЯҲОИ СУДИ ВИЛОЯТ ВА СУДҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН (27.10.2023 сол)

Санаи 27 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Норак машғулияти семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои моҳи октябри соли 2023 баргузор гардид.

Дар машғулияти семинарии мазкур раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини якуми раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим, муовини  раиси суди вилояти Хатлон Наимзода Пайрав Сулаймонӣ, муовини раиси суди вилояти Хатлон Табарзода Изатулло, судяҳои суди вилоят, раисон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон,  раис ва судяҳои Суди ҳарбии гарнизони Хатлон иштирок варзиданд.

Дар семинари мазкур судяҳои масъул тибқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ дар мавзуҳои гуногун баромад намудан.

Инчунин дар семинар дигар масъалаҳое, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо ташвишовар мебошанд, ин яъне дуруст татбиқ намудани меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ, даст назадан ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судягӣ, пишгирии омилҳои коррупсионӣ дар судҳо, хушмуомила будан бо шаҳрвандон ва сари вақт бо сифат баррасӣ намудани парвандаҳо мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифта шуд.