МАВОДИ МУХАДДИР-ВАБОИ АСР ВА ПЕШГИРИИ ПАҲНШАВИИ ОН БО РОҲИ ҶАЗО ДОДАН

Санаи 13 апрели соли 2021 бо ҳукми Суди вилояти Хатлон шаҳрвандон Ғафуров Рустамхон Асламхонови, соли таваллудаш 1984, Болтаев Зафар Акбердиевич 1986 соли таваллудаш, Ғафуров Баҳодур Асламхонович 1988 соли таваллудаш ва Сафаров Ориф Якубович 1979 соли таваллудаш барои даст задан ба кирдорҳои пешбининамудаи моддаи 200 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади каси дигар додан аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, гунаҳкор дониста шуда, ба Ғафуров Р.А. ва Болтаев З.А. ба муҳлати 8 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр, ба Ғафуров Б.А. ба муҳлати 10 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт ва ба Сафаров О.Я. бо моддаи 201 қисми 3 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 5 сол маҳрум сохтан аз озодӣ дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр ҷазо таъин карда шуд.

Маводи мухдаддир ба ҳамагон маълум аст, ки вабои аср буда, пешгирии он яке аз вазифаҳои асосии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ , алал хусус ҳокимияти судӣ ба шумор рафта, барои ин ҷиноятӣ сангин ба ҷинояткорон аз тарафи ҳокимияти судӣ ҷазои сазовор таъин карда мешавад.