Мавзеи таърихии Мазори Ҳазрати Султон дар ноҳияи Ховалинг

Мазори Ҳазрати Султон дар ноҳияи Ховалинг, 18 км аз шимолу ғарби шаҳраки Ховалинг дур ҷойгир шудааст. Мавзеи сарсабз, ободу зебост, ки нишас-тан дар болои сабзазори назди мазор, тамошои табиати атроф, мақбараи аз нав эъморшуда бо гумбазҳои тиллоӣ, роҳравҳои зебо, ки бо тамоми бино аз хишти пухта бо омезиши гаҷу лой сохта шудааст, ба кас ҳаловат мебахшад.

Тибқи ривоятҳо, ин бузургвор, ғолибан, дӯсти Пайғамбари ислом (с) буда, аз рӯйи ҳурмати модар ва амалҳои нек ба дараҷаи бузургӣ расидааст. Оид ба зиндагиномаи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, ки соли 593 дар Қарани Яман ба дунё омада, соли 657 дар ғазои Сиффин ба шаҳодат расидааст, инчунин оромгоҳи ин бузургвор дар байни мардум ривоёти бисёр аст.

Дар паҳлуи мақбара, болои суфаи аз санги сурхи мармар чидашуда, гаҳворасанге аз мармари сиёҳ ба назар мерасад, ки дар ду тараф ва қисми болои атрофаш бо ҳуруфи арабӣ ояте аз сураи Бақараи Қуръон ва насабномаи Алии Ҳамадонӣ сабт шудааст.

Ҳамчунин ҳангоми ташриф ба ноҳияи зебоманзари Ховалинг аз муҷассамаи қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сайдаҳмад Каримов, хона-музейи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ, чашмаи овозадори «Қазаған», мазори Хоҷа Аюби Ансорӣ ва дигар мавзеъҳои таърихию динӣ метавон дидан намуд