Мизи мудаввар бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Санаи 3 сентябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи бинои Суди вилояти Хатлон бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовини якуми раиси суди вилоят Бойзода Темур Гулбой, муовини раиси суди вилоят Аҳёзода Шамсулло Салим, судяҳои суди вилоят, кормандони дастгоҳи суди вилоят ва инчунин собиқадорони ҳокимияти судӣ иштирок намуданд.

Дар мизи мудаввари мазкур раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода рустам Пираҳамад дар мавзӯи 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он баромад намуда, сипас суханро ба муовини якум Бойзода Темур Гулбой дод. Пас он, мутахссиси суди вилоят Абдуллозода Бахтиёр дар мавзӯи Истиқлолияти давлатӣ баромад намуд.