Муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 7.09.2021 сол, таҳти №1803 бо иштироки муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфуллозода Ш. (17.09.2021 сол)

    

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон маҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 7 сентябри соли 2021, таҳти №1803 баргузор гардид.

Дар муҳокмаи мазкур раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфуллозода Шавкат, муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Бойзода Темур Гулбой, муовини раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим, судяҳои суди вилоят, раисон, муовинон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок доштанд.

Дар муҳокимаи Қонуни мазкур масъалаҳои дуруст татбиқ кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», сари вақт татбиқи он ва инчунин ҳар як моддаи Қонуни мазкур аз тарафи судяҳо муҳокима карда шуда, мазмуну муҳтавои Қонун ба пуррагӣ фаҳмонида шуд.