Мулоқот бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав
Имрӯз (06.02.2026 сол) дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав мулоқоти судманд байни судяҳои Суди вилояти Хатлон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Дар мулоқот аз ҷониби судяҳои Суди вилояти Хатлон мазмун ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонда дода шуд.
Инчуни аз ҷониби судяҳои суди вилоят дар мавзуи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ баромад доир гардид. Дар баробари ин оиди пешгири гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо, шомил нашудан ба равияҳои бегонаву тундрав ва дигар мавзуҳои рузмара баромад доир гардид.



Суди вилояти Хатлон 




