МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШГАРОН ОИД БА ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗ

Санаи 30 декабри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи театри вилоятӣ ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо иштироки Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам Пираҳмад ва роҳбарони дигар ташкилоту идораҳои давлатӣ ва ғайри давлатӣ, инчунин варзишгарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар самти футбол иштирок варзиданд.

 

Маҷлисро Раиси вилояти Хатлон кушода элон намуда, дар он намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ва сохторҳои қудратии вилояти Хатлон дар мавзӯи пешгирии террориз ва экстремизм баромад намуданд.

Як аз баромадкардагон мушовири Суди вилояти Хатлон Назаров Баҳодур буда , дар баромадаш оиди пешгирии терроризм ва экстремизм, хатари он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, оиди гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи Суди вилояти Хатлон ва пешгирии шомилшавӣ ба ин гуна зуҳуротҳо аз тарафи ҷавонон баромад намуд.

«Раиси вилоят дар ибтидои суханронии худ аз дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар соли 2019 ёдоварӣ кард, ки дар натиҷаи корбурди сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат ва азму талоши сокинони фарҳангпарвар, ободгар ва ҳимматбаланду заҳматпешаи вилоят ба даст омаданд ва аз ояндаи неки давлати соҳибистиқлол ва миллати тамаддунсозу ободгарамон башорат медиҳанд.

Зикр шуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ба масъалаи ҷавонон, ки давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат мебошанд, таваҷҷуҳ зоҳир карда, фароҳам овардани шароити мусоидро барои фаъолияти онҳо дар оянда, яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат арзёбӣ намуданд.

 — Имрӯз вазъи сиёсии ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои исломӣ хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, инчунин ба давлати мо низ расида, олами ислом ба қатлу куштор, талаву тороҷ, ваҳшонияту даҳшат гирифтор шуда, мутаассифона, тамоми корҳои ғайришаръиро аз номи дини мубини ислом анҷом медиҳанд, — қайд кард Қ. Ҳакимзода. — Терроризм, экстремизм ва радиализми динӣ яке аз мушкилоти асосии замон буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро ҷалб мекунанд ва онҳоро ба иҷрои амалҳои террористӣ сафарбар менамоянд.

Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид намуданд, созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд.

Чи хеле мебинем, сафи низомиёну ҷангҷӯёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд, ки бештари онҳо дар тамоми кишварҳо тавассути шабакаҳои интернетӣ ба доми фиреб афтода, барои ҳимояи манфиатҳои гурӯҳҳои алоҳида ва давлатҳои бегона ҷони худро қурбон намуда истодаанд.

— Ба ёд оред, ҳодисаи таркиш дар як муассисаи таълимии Афғонистонро, ки дар натиҷа даҳҳо нафар кӯдакон ба ҳалокат расиданд, — идома дод раиси вилоят. — Ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидани модарон, кӯдакони бегуноҳ, мардуми осоиштаро кадом дину мазҳаб қабул дорад?! Чунин кирдори зидди-инсониро тамоми динҳои дунё қотеона маҳкум мекунанд. Аз ин ҷост, ки тавре Роҳбари давлатамон хитоб кардаанд: “Террорист дину мазҳаб, Ватану миллат надорад!”.

Изҳори итминон карда шуд, ки мардуми бедордил, хусусан ҷавонони матиниродаву сарбаланди Хатлонзамини бостонӣ, чунин амалҳои нобакоронаи ифротгароиро қотеона маҳкум мекунанд.

Дар ҳақиқат, мо бояд бениҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор бошем, ба насли ҷавону наврас тарзи ҳаёти солим, дурӣ ҷустан аз бегонапарастию тақлидкорӣ, бидуни ҳар гуна ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки ҷавонон барои бекориву зоеъ рафтани вақт фурсат наёбанд.

Дар Паёмашон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саводомӯзӣ, аз ҷумла диққати ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ, ҳамзамон оид ба ҳунаромӯзии ҷавонон, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд, таъкид намуданд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода таъкид намуд, ки вазифаи мақомоти давлатӣ ва фаъолони ҷомеа аз он иборат аст, ки ҷавононро аз фирефта шудан ва гаравидан ба ақидаҳои ифротӣ ҳимоя кунанд, ба гурӯҳҳои фиребхӯрда роҳи дурусти зиндагии шоистаро нишон дода, асолати ватандӯстиро дар вуҷудашон бедор созанд. Дар ин шароити пуртазоди ҷомеаи ҷаҳонӣ вақти он аст, ки тамоми табақаҳои ҷомеа садоқати баланди худро ба миллату давлат собит созанд ва бо ҷилавгирӣ аз зоҳирпарастиву тақлидкорӣ ояндаи ободу осудаи фарзандони худро таъмин намоянд. Танҳо дар ин сурат мо метавонем дилпурона худро аз доми тазвири идеологияи бегона наҷот бахшида, пояҳои истиқлолияти давлатиро тақвият бахшем.

Тоҷикистони азизро давлати ҷавон ном бурдани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифодагари он аст, ки ба қувваю иродаи ҷавонони кишвар эътимод доранд ва хоҳиши онро доранд, ки насли ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намояд.

Дар идомаи мулоқот чанде аз ҷавонони фаъол ба сухан баромада, зикр намуданд, ки ҷавонони баору номуси Хатлонзамин чун пайравони воқеии Пешвои миллат, ҳамеша дар сафи пеши амалҳои ободкорию созандагиҳо қарор хоҳанд дошт.

Таъкиди Роҳбари давлат оид ба зарурати мутолиаи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳар як оила дастрас хоҳад шуд, ба ҳамин маънӣ аст, ки дар замири ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунари муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонун ташаккул ёбад.

Дар интиҳо ба ҷавонони фаъоли вилоят, донишҷӯён ва кормандони ҷавони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ва нишондиҳандаҳои хуби меҳнатиашон аз ҷониби раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода Сипоснома ва китобҳои “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафурову “Чеҳраҳои мондагор”-и Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд.» http://www.khatlon.tj/