НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

“Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард.”

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 27 июни соли 1997 дар марҳилаи ҳассос қарор дошта, талоши доимӣ баҳри ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии даргириҳои хонумонсӯз, хисороти иҷтимоиву иқтисодӣ, алалхусус пешгирӣ аз талофоти ҷонӣ равона мешуд.

Неруҳои муқовиматпазиру таъсиррасонӣ бурунмарзӣ мехостанд Тоҷикистони азимазонро порча ба порча ҷудо кунанду Истиқлолияти давлатиро коста гардонанд.

Ҳазорҳо нафар тарки манзили худ карда, дар кишвари бегона сукунат ихтиёр намуданд. Буҳрони иқтисодӣ ба тамоми сатҳи зиндагии мардум таъсири худро расонид. Даргириҳои пай дар пай боиси талафоти ҷонии мардуми шарафманди мамлакат, алалхусус ҷавонони неруманд гардида буд. Молу мулки сокинон талаву тороҷ гардида, несту нобуд карда шуданд. Шадид шудани вазъият ва идома кардани даргириҳо боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ гардида буд.

Дар манъ кардани хунрезиҳо ва нигоҳ доштани амнияти мардум ҳам аз хориҷи кишвар ва ҳам аз дохили мамлакат таъсиррасонии зиёд дида мешуд. Гуруҳҳои ҷудоихоҳ бо мақсади ба даст овардани молу мулк ва соҳиб шудан ба мансабҳои боломоқом даст ба амалҳое мезаданд, ки воқеан нангин ва шармовар буд. Бетарафии намояндагони минтақаҳои гуногун низ ташвишовар барои ҳалли масъалаҳои пешгирии задухурдҳо байни гуруҳҳои ҷудоихоҳ мегардид.

Баъди интихоб шудани Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъият рӯз то рӯз дар Тоҷикистон муътадил шуда, хунрезӣ ва ғорат дар мамлакат хотима ёфт.

 

Талошҳои пайгиронаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, марди хирадманд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон шабу рӯзҳо ба хотири сулҳу ваҳдат равона гардида, неруҳои давлатиро ба ҷустани сулҳ роҳпаймоӣ мекард. Ба хусус бо талошҳои ин марди бузург, дар Ҷумҳурии Тоҷикистони садди роҳи ҳамагуна бетартибиҳо, буҳронҳои шадид ва талафоти ҷонӣ гирифта шуданд.

Баъди гузаронидани якчанд давраҳои гуфтушунид (с.1994-1997), дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия байни ҳукумати кишвар ва мухолифин санаи 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Имзои ин Созишнома  самараи заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми заҳматкаши Тоҷикистон буд. Ҳадаф аз имзои созишнома ҳифзи марзу буми Тоҷикистони азиз ва таъмини зиндагии шоитаи марду буд.

Аз соли 2000 сар карда, бо мақсади таъмини амнияти дохилӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ, баромадан аз буҳронҳо, тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар марҳилаи бозсозӣ қарор гирифта марҳила ба марҳила барқарор гардиданд.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризиояти миллӣ  бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давраи созандагиву бунёдкорӣ шуруъ гардид, ки он то имрӯз бо маром идома дорад.

Яке аз нодиртарин ташаббуси Президенти кишвар ин баъди ба имзо расидани созишнома ин баргардонидани тамоми гурезаҳои тоҷик ба хоки ватани аҷдодӣ буд, ки ин иқдоми бузург низ дар марҳилаи кутоҳ амалӣ гардид.

Тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар як ҳолати фалаҷшуда қарор доштанд. Алалхусус ҳокимияти давлатӣ дар ҳолати харобшуда қарор дошт. Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ биною иншооти харобгашта дар асоси барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ барқарор карда шуданд.

27 июни соли 1997 ҳамчун санаи тақдирсоз барои миллати тоҷик эътироф гардида, дар сатрҳои таърихи навини халқи тоҷик  бо ҳарфҳои заррин ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ сабт шудааст. Ҳамасола дар фазои сулҳу ягонагӣ бо ҳисси баланди ватандорӣ, ифтихор аз соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбуб аз ин рӯз гарм истиқбол карда мешавад.

Раиси Суди вилояти Хатлон

Мирзозода Рустам Пираҳмад