Нишасти матбуоти оид ба фаъолияти Суди вилояти Хатлон дар соли 2018

Санаи 30 январи соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П., муовини якуми раис, муовинон ва судяҳои суди вилоят, инчунин судяи Суди ҳарбии гарнизони Хатлон  Ҳакимзода Д.А. ва намояндагони ВАО дар вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар нишасти матбуоти суханрониро раиси суди вилоят Мирзозода Р.П. оғоз намуда, оиди фаъолияти суди вилоят дар соли 2019 маъруза намуд.

Сипас аз тарафи намояндагони ВАО саволҳои гуногун вобаста ба масъалаҳои гуногун, чуничӣ оиди бекоршавии ақди никоҳ ва пешгирии онҳо, вобаста ба терроризм ва экстремизм дар сатҳи вилоят ва чазоҳои таъимншуда ба ин намуди ҷиноят, оид ба баҳсҳо вобаста ба замин ва парвандаҳои барарсӣшуда дар ин самт, оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», оиди барарсии парвандаҳои ҷиноятии бо куштор алоқаманд буда, дода шуд, ки ба ҳамаи ин саволҳо аз тарафи роҳбарияти суди вилоят ҷавобҳои муфассал гардонида шуд.

Намояндагони ВАО хусусан вобаста ба бекоршавии оқди никоҳ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намудан. Дар ин масъала раиси суди вилоят ва муовинони ӯ аз рӯи ҳисоботҳои оморӣ маълумотҳои дақиқ ба намояндагони ВАО пешниҳод намуданд.