НИШАСТИ МАТБУОТӢ (01.02.2022 сол)

Санаи 1 феврали соли ҷорӣ дар толори Кохи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон нишасти матбуоти оид ба ҷамъбасти фаъолияти Суди вилояти Хатлон дар соли 2021 баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотии мазкур раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад ва раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон муҳтарам Хайриддинзода Азизбек, муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон Бойзода Темур Гулбой ва намояндагони васоити ахбори омма  дар вилояти Хатлон иштирок намуданд.

 

Раиси суди вилоят муҳтарам Мирзоҳзода Р.П. нишасти матуботиро оғоз намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти Суди вилояти Хатлон дар соли 2021 баромад карда, доир ба саволҳои додаи намояндагони ВАО ҷавобҳои дақиқ ва муфассал гардонд.