НИШАСТИ МАТБУОТӢ (29.01.2020 сол)

Санаи 29 январи соли 2020 дар толори маҷисгоҳи бинои Суди вилояти Хатлон бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П., раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон Ҳамзазода Т.С. , раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Хайриддинзода А., муовини раиси Суди вилояти Хатлон Муҳидинзода С.С. , судяҳои суди вилоят ва мутахассисони раёсати суди вилоят, сардорони шӯъбаҳо, намояндагони васоити ахбори омма Уроқов Б-намояндаи рӯзномаи «СССР», Отаева Ш-намояндаи маҷаллаи «Меҳровар», Ашраби А- намояндаи рӯзномаи «Тоҷикистон», Сулаймони С-намояндаи рӯзномаи «Садои мардум», Раҳмоналии Д-намояндаи рӯзномаи «Фараж», Манучеҳри О-намояндаи телевизиони «Ҷаҳонамо», Аҳмади Раҳим- намояндаи рӯзномаи «Пайк», Орзуи Карим-намояндаи «Радиои Озодӣ» ва Сафарзода С-хабарнигори телевизиони Хатлон иштирок намуданд.

Дар нишасти матуботӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти суди вилоят, судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Суди иқтисодии вилояти Хатлон ва суди ҳарбии гарнизони Хатлон дар соли 2019 маърузаҳо доир гардиданд.

Нишасти матбуотиро раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Р.П., бо сухани ифтитоҳи кӯшода, иштирокдорон ва ҳузурдоштагонро хайру мақдам намуданд.

Баъдан раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Р.П., вобаста ба фаъолияти суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар соли 2019-ум, гуфта гузаштанд.

Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон муҳтарам Хайридцинзода А., оид ба натиҷаи баррасии парвандаҳои аз тарафи судяҳои суди иқтисодӣ дар нимсолаи аввали соли 2019-ум, гуфта гузаштанд.

Раиси суди ҳарбии гарнизОни Хатлон муҳтарам Ҳамзазода Т.С., оид ба натиҷаи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки аз тарафи судяҳои суди ҳарбии гарнизони Хатлон дар соли 2019-ум баррасӣ шудаанд, гуфта гузаштанд.

Пас аз ба охир расидани баромадҳо аз тарафи намояндагони васоити ахбори омма оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба баровардани ҳукмҳои дар ғоибии судшавандаҳо қабулшуда, вобаста ба таҳти истисмор қарор гирифтани занҳо, парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати занону ноболиғон, содир намудани қонунвайронкунӣҳо оиди дар ҳолати мастй рондани автомашинаҳо, сабабу асосҳои бекоршавии ақдҳои никоҳ ва пош хурдани оилаҳо, оид ба бекоршавии санадҳои судӣ саволу ҷавобҳо доир гардидаанд, ки ба саволҳои аз тарафи намояндагони васоити ахбори омма додашуда посухҳои мушаххас гардонида шуд, ки писанди иштирокдорон гардиданд.