Нишасти матбуотӣ

Санаи 23 июли соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Кохи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки намояндагон Васоити ахбори омма нишастӣ матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини якуми раиси суди вилоят муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим, муовини раиси суди вилоят муҳтарам Наимзода Пайрав Сулаймонӣ, судяҳои суди вилоят, сардорони шӯъбаҳои суди вилояти Хатлон, инчунин раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон муҳтарам Ҳамзазода Тоҳир Сафар ва намояндаи суди иқтисодии вилояти Хатлон  иштирок карданд.

Сараввал сухан ба раиси суди вилоят муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор дода шуда, баъдан ахбороти муовини раиси суди вилоят муҳтарам Наимзода Пайрав Сулаймонӣ оиди фаъолияти суди вилояти Хатлон дар  нимсолаи аввали соли 204 шунида шуда, баъдан ахборотҳои раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон ва намояндаи Суди иқтисодии вилояти Хатлон шунида шуд.

Баъди шунида шудани ахборотҳо  намояндагони ВАО ба додани саволҳо оиди самтҳои гуногун ва парвандаҳои машаххас дар судҳои вилоят шурӯъ намуданд.

Дар рафти нишасти матбуот ба ҳамаи саволҳои намояндагони ВАО посухҳо дода шуда, раиси суди вилоят ба намояндагони ВАО барои ҳамкории судманд изҳори сипос намуд.