Нишасти матбуотӣ



Санаи 22 июли соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар бо иштироки намояндагони Васоити ахбори омма нишастӣ матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ и.в.раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим, муовини раиси суди вилоят муҳтарам Наимзода Пайрав Сулаймонӣ, судяҳои суди вилоят, сардорони шӯъбаҳои Суди вилояти Хатлон, инчунин раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон муҳтарам Ҳамзазода Тоҳир Сафар ва раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон муҳтарам Искандарзода Бахтиёр Мустафо иштирок карданд.



Сараввал сухан ба и.в.раиси суди вилоят муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим дода шуда, баъдан ахбороти муовини раиси суди вилоят муҳтарам Наимзода Пайрав Сулаймонӣ оиди фаъолияти Суди вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2025 , ахбороти раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон муҳтарам Искандарзода Б.М. ва раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон муҳтарам Ҳамзазода Т.С. шунида шуд.




Баъди шунида шудани ахборотҳо намояндагони ВАО ба додани саволҳо оиди самтҳои гуногун ва парвандаҳои машаххас дар судҳои вилоят шурӯъ намуданд.






Дар рафти нишасти матбуот ба ҳамаи саволҳои намояндагони ВАО посухҳо дода шуда, и.в.раиси суди вилоят муҳтарам Аҳёзода Ш.С. ба намояндагони ВАО барои ҳамкории судманд изҳори сипос намуд.
Суди вилояти Хатлон 




