Нишасти матбуотӣ

Санаи 27 январи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Кохи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо иштироки намояндагони Васоити ахбори омма нишастӣ матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини якуми раиси суди вилоят муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим, муовини раиси суди вилоят муҳтарам Наимзода Пайрав Сулаймонӣ, судяҳои суди вилоят, сардорони шӯъбаҳои Суди вилояти Хатлон, инчунин раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон муҳтарам Ҳамзазода Тоҳир Сафар ва и.в. раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон муҳтарам Қурбониён Баҳриддин Самардин иштирок карданд.




Сараввал сухан ба раиси суди вилоят муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор дода шуда, баъдан ахбороти муовини раиси суди вилоят муҳтарам Наимзода Пайрав Сулаймонӣ оиди фаъолияти Суди вилояти Хатлон дар соли 2025 , ахбороти раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон муҳтарам Ҳамзазода Т.С. ва баъдан и.в.раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон муҳтарам Қурбониён Баҳриддин Самардин шунида шуд.


Баъди шунида шудани ахборотҳо намояндагони ВАО ба додани саволҳо оиди самтҳои гуногун ва парвандаҳои машаххас дар судҳои вилоят шурӯъ намуданд.
Дар рафти нишасти матбуот ба ҳамаи саволҳои намояндагони ВАО посухҳо дода шуда, раиси суди вилоят муҳтарам Расулзода Н.Ғ. ба намояндагони ВАО барои ҳамкории судманд изҳори сипос намуд.
Суди вилояти Хатлон 




