НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР СУДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН (16.07.2020 сол)

Санаи 16 июли соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ намояндаи Васоити ахбори омма, раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовини якуми раиси суди вилоят Бойзода Темур Гулбой, судяҳои суди вилоят, сардори Раёсати суди вилоят Нуриддинзода Анвар Аскар, ва дигар кормандони масъули дастгоҳи суди вилоят, инчунин раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Хайриддинзода Азизбек иштирок намуданд.
Нишасти матбуотиро Раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам Пираҳмад оғоз карда, доир ба натиҷаи фаъолияти суди вилоят  дар нимсолаи аввали соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2020 ба таври мухтасар ба намояндагони ВАО ахборот пешниҳод карданд.


Қайд карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба Суди вилояти Хатлон ба тариқи марҳилаи якум (55) 48-адад парвандаи ҷиноятӣ ворид шуда, (12) 15-адад парвандаҳо боқимонда аз соли 2019, ҷамъ (67) 63-ададро ташкил дод, ки ин парвандаҳои ҷиноятӣ ба судяҳои суди вилоят барои моҳиятан баррасӣ намудан ирсол карда шуд ва  (13) 11-адад парвандаҳои ҷиноятӣ дар охири нимсолаи дуюми соли 2020 боқӣ мондааст. Дар давраи ҳисоботӣ  (56) 57 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шуда , (18) 8-адад парвандаи ҷиноятӣ дар суди сайёр баррасӣ шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба тариқи марҳилаи якум парвандаҳои  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид ва баррасӣ карда нашудааст (Дар нимсолаи аввали 2019 сол  парвандаҳои  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид ва баррасӣ нагардидааст).

Дар давраи ҳисоботӣ ба тариқи марҳилаи якум  (9)  8-адад парвандаҳои гражданӣ ворид шуда, (1) 3-адад парвандаҳо боқимонда аз соли 2019-ум,  ҷамъ (10) 11-ададро ташкил дод, ки аз ин бо баровардани ҳалнома (5) 6 адад, (3) 3-адад бе баррасӣ мононда шуда, 2 адад парванда ба нимсолаи дуюм боқӣ мононда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба тариқи марҳилаи якум  парвандаҳои оилавӣ ворид ва баррасӣ карда нашудааст (дар нимсолаи аввали соли 2019 парвандаҳои оилавӣ ворид ва баррасӣ карда нашудааст).

Дар давраи ҳисоботи ба марҳилаи кассатсионӣ (71) 49-адад парвандаҳои ҷиноятӣ бо шикояту эътирозҳои кассатсионӣ  ворид шудааст. Аз ин миқдор (63) 44-адад парвандаҳо баррасӣ гардидааст. (7) 5-адад парвандаҳо  бе баррасӣ баргардонида шудааст. Дар марҳилаи кассатсионӣ (25) 21-адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шудааст.

Дар давраи хисоботи ба марҳилаи кассатсионӣ  (13) 13-адад парвандаҳои  маъмурӣ ворид гардид, ки 13 адад бо шикояти  ҳуқуқвайронкунандагон мебошанд. (10)  12  адад баррасӣ карда шуда, (3) адад парванда бе барарсӣ баргардонида шудааст. Дар марҳилаи кассатсионӣ (2) -адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи қарорҳо оид ба татбиқи чораҳои пешгирӣ 1 адад шикояти хусусӣ ворид шуда, рад карда шудааст.(дар нимсоли аввали соли 2019 шикоят ва эътироз  оид ба татбиқи чораҳои пешгирӣ ворид ва баррасӣ нашудааст).

Дар давраи  ҳисоботӣ ба марҳилаи кассатсионӣ (74) 75-адад парвандаҳои гражданӣ дохил  гардидааст,  (62) 70-адад парвандаҳо баррасӣ карда шуд ва (10) 4-адад парванда бе баррасӣ баргардонида шуда, 1-адад бақия ба нимсолаи дуюми соли 2020 мононда шудааст. Дар марҳилаи кассатсионӣ (11) 13-адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шудааст.

Дар давраи  ҳисоботӣ ба марҳилаи кассатсионӣ  (78) 61-адад парвандаҳои  оилавӣ ворид  гардида,   (67)  60 адад парванда баррасӣ карда шуд ва (10) 1-адад парванда бе баррасӣ баргардонида шудааст. Дар марҳилаи кассатсионӣ  (18) 22-адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шудааст.

Дар давраи ҳисоботи (386) 323-адад шикоятҳо ва эътирозҳои назоратӣ  дар Суди вилоят ворид гардидааст, ки аз ин оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ (122) 70-адад, маъмурӣ (30) 29-адад, гражданӣ (170) 158–адад ва оилавӣ (64) 66–адад мебошад.  Аз ин (337) 261-адад  шикояту эътирозҳои назорати ҳаллу фасл гардида,  (49) 62-ададаш ба нимсолаи дуюм боқӣ мондааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Раёсати Суди вилояти Хатлон  (49) 19-адад парвандаҳои ҷинояти ворид гардида, аз ин (35) 6-адад бо эътирозҳои прокурорҳо, (2) 1-адад аз рўи шикояти маҳкумшудаҳо, ки бо судяҳои суди вилоят дар бораи оѓоз намудани пешбурди назоратӣ ва ба баррасии  марҳилаи назоратии судӣ додани он ворид шудааст, (12) 12-адад бақия ба нимсолаи дуюми соли 2020 монда шудааст. Дар натиҷа (35) 6 адад эътироз ва (2) 1 адад шикоят баррасӣ шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Раёсати суди вилоят (11) 13-адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид гардид, аз ин (7) 3-адад эътирози прокурор ва (1) 1 адад шикояти назоратӣ баррасӣ гардида, (3) 9 адад бақия ба нимсолаи дуюми соли 2020 мононда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ парвандаи гражданӣ  ба Раёсати Суди вилояти Хатлон (1) 2 парвандаи гражданӣ бо 2 адад шикояти тарафҳо ворид гардид.  Аз ин 1 адад парванда баррасӣ  карда шуда, 1 адад парванда боқӣ ба нимсолаи дуюми соли 2020 мононда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ парвандаи оилавӣ  ба Раёсати Суди вилояти Хатлон ворид ва баррасӣ карда нашудааст.

Ѓайр аз ин мувофиқи нақшаи корӣ фаъолияти судҳои  шаҳру ноҳияҳои Норак, А.Ҷомӣ, Шаҳритуз, Хуросон, Ҷайҳун ва Ховалинг санҷида шуда, натиҷаи санҷиши фаъолияти судҳои номбурда дар Ҷаласаи Раёсати Суди вилояти Хатлон бо иштироки судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои мазкур мавриди муҳокима қарор дода шуда, дар хусуси камбудиҳои ҷойдошта дар ин бахш қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар нимсолаи аввали соли 2020 ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ (1492) 1401 адад парвандаҳои ҷиноятӣ ворид гардида, аз ин (1237) 1121 адад парвандаҳо баррасӣ карда шуда, (255) 280 адад парвандаҳо ба нимсолаи дуюми соли 2020 боқӣ мондааст.  Аз тарафи судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ (2) ҳукмҳои сафед бароварда нашудааст, (4) 4 адад парвандаҳо ба тафтишоти иловагӣ баргардонида шуда, (643) 617 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шуда, (445) 292 маротиба судҳои сайёр гузаронида шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ нисбати 51 нафар ноболиғ ва 94 нафар зан парвандаҳои ҷиноятӣ баррасӣ карда шудааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2020 ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ (7969) 6604 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  ворид гардида, аз ин (7875) 6075 адад парвандаҳо баррасӣ карда шуда, 62 адад парвандаҳо қатъ карда шуда, (94) 41 адад парвандаҳо ба нимсолаи дуюми соли 2020 боқӣ мондааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2020 ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ (1769) 1845 адад парвандаҳои гражданӣ ворид гардида, аз ин (1362) 1374 парвандаҳо баррасӣ карда шуда, (407) 471 адад парвандаҳо ба нимсолаи дуюми соли 2020 боқӣ мондааст, (54) 51 адад парвандаҳо зиёда аз се моҳ дар истеҳсолот қарор доранд, 161 адад аризаҳои даъвогӣ бе барарсӣ мононда шудаанд.  Вобаста ба парвандаҳои гражданӣ ҳамагӣ (178) 153 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шуда, (282) 320 маротиба судҳои сайёр гузаронида шуда,

Дар нимсолаи аввали соли 2020 ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ (8462) 8356 адад парвандаҳои оилавӣ ворид гардида, аз ин (6576) 6689 парвандаҳо баррасӣ карда шуда, (1886) 1667 адад парвандаҳо ба нимсолаи дуюми соли 2020 боқӣ монда шуда, (174) 117 адад парвандаҳо зиёда аз се моҳ дар истеҳсолот қарор дошта, 762 аризаҳои даъвогӣ бе баррасӣ мононда шудааст. Вобаста ба парвандаҳои оилавӣ ҳамагӣ (1084) 1065 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шуда, (1252) 886 маротиба судҳои сайёр гузаронида шудааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2020 аз тарафи судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, гражданӣ ва оилавӣ ҳамагӣ: 3004 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шуда, 2739 маротиба судҳои  сайёр ва 113 маротиба ҷамъбастиҳои амалияи судӣ гузаронида шуд.

Бо  мақсади баланд бардоштани маърифату дониши ҳуқуқии шаҳрвандон судяхои шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон  дар давраи ҳисоботи  (1710) 1155  маротиба бо аҳолии вилоят вохуриҳо гузаронида, ба воситаи Садо  (147) 168 ва Симо  (191) 129 маротиба баромад карданд ва (114) 100 мақолаҳои  судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар рӯзномаҳо чоп шуданд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ду маротиба дар як ҳафта ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон, дар соли 2019 бевосита аз ҷониби Раиси Суди Олӣ 126 нафар муроҷиаткунандагон қабул карда шуданд.