Нишасти матбуотии якҷояи Суди шаҳри Бохтар ва Суди шаҳри Левакант вобаста ба фаъолияти семоҳаи аввали ин судҳо
Санаи 1 апрели соли ҷори дар меҳмонхонаи “РАМЗ”-и шаҳри Бохтар нишасти матуботии якҷояи Суди шаҳри Бохтар ва Суди шаҳри Левакант баргузор гардид.
Дар нишасти матбуоти раиси Суди шаҳри Бохтар Ёқубзода А.Х. , раиси Суди шаҳри Левакант Назарзода Р.Ҳ., мудири шӯъбаи иттилооти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тураев К.М., коромӯз-судя Шафо Беҳруз Назаралӣ, котиби матбуотии суди шаҳрҳои Бохтар ва Левакант, мушовири Суди вилояти Хатлон Назаров Б., намояндагони ВАО, аз ҷумла: Сотиев Мурод-намояндаи АМИТ ХОВАР ва сармуҳаррири рузномаи Новый Хатлон, Мусоев Абдурашид -рузномаи Дустлик,Чориева Латофат –маҷаллаи Сафо, Орзуи Крим-радиои Озодӣ, Уроқов Баҳодур- маҷаллаи СССР, Сулаймон Султонов –маҷаллаи Садои мардум,Бобоев Аъзам –рӯзнома Ваҳдат, Назриев Сайраҳмон- Азия Плюс, Муродов Зокир –Ҷумҳурият, Маъмурзода Носирҷон-разномаи Хатлон, Олимов Нурулло –оператори ТВ Хатлон, Саидов Шералӣ-журналисти ТВ Хатлон иштирок доштанд.
Дар нишасти матбуотии мазкур аввал раиси Суди шаҳри Бохтар Ёқубзода А.Х. суханрони намуда, оиди фаъолияти Суди шаҳри Бохтар маълумоти муфассал дод. Баъдан намояндагони ВАО ба додани саволу шуруъ намуданд, ки ба саволҳои ҳар яки онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Дар навбати худ раиси Суди шаҳри Левакант Назарзода Р.Ҳ. оиди фаъолияти семоҳаи аввали соли 2019 маълумот дода, низ ба саволҳои муфиди намояндагони ВАО ҷавоб дод.
Дар нишасти матуботии мазкур асосан саволҳои рузмара оиди бекоршавии ақҳди никоҳ, сабабу пешгирии бекоршавии никоҳ, даст задани ноболиғон ба ҷиноят, вобаста ба баррасии парвандаҳои хусусияти террористӣ-экстремистидошта дода шуда, ягон саволи онҳо бе ҷавоб намонд.