Нишасти матбуотии Суди вилояти Хатлон

Санаи 17 июли соли 2019 соати 13:00 дақиқа дар толори мачлисгоҳи Суди вилояти Хатлон нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони ВАО баргузор гардид.

Дар нишасти матуботи раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П., раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Хайриддинзода А. ва раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон оиди фаъолияти судҳои номбурда дар нимсолаи аввали соли 2019 маълумот доданд.

Ҳамзамон дар нишати матбуотии мазкур муовини якуми раиси суди вилоят Бойзода Т.Г ., муовини раиси суди вилоят Муҳидинзода С.С., судяҳои Суди вилояти Хатлон- Додоматзода Ф., Олимзода У.,- Давлатзода И., Амонзода А., мутахассисони Раёсати ташкилию таъминоти фаъолияти судҳои Суди вилояти Хатлон ва намояндагони васоити ахбори омма Уроқов Б- намояндаи рузномаи «СССР», Отаева Ш-намояндаи маҷаллаи «Меҳровар», Ҳасанова Г-намояндаи телевизиони Хатлон, Раҳимзода А- намояндаи рузномаи «Пайк», Акрамов М-намояндаи радиои Тоҷикистон, Додархуҷаев Р-намоянждаи рузномаи «Фараж», Султонов С-намояндаи рузномаи «Садои мардум» ва Шарипов Далер-намояндаи телевизиони Хатлон иштирок доштанд.

Рафти нишасти матбуотӣ аз тарафи наворбардорони Телевизиони Хатлон ба навор гирифта шуд.

Нишасти матбуотиро раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Р.П., бо сухани ифтитоҳи кӯшода, иштирокдорон ва ҳузурдоштагонро хайру макдам намуданд.

Баъдан раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Р.П., вобаста ба фаъолияти суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2019, гуфта гузаштанд.

Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон муҳтарам Хайриддинзода А., оид ба натиҷаи баррасии парвандаҳои аз тарафи судяҳои суди иқтисодӣ дар нимсолаи аввали соли 2019, гуфта гузаштанд.

Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон муҳтарам Ҳамзазода Т.С., оид ба натиҷаи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки аз тарафи судяҳои суди ҳарбии гарнизони Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2019 баррасӣ шудаанд, гуфта гузаштанд.

Пас аз ба охир расидани баромадҳо аз тарафи намояндагони васоити ахбори омма оид ба парвандаҳои ҷиноятии дар нимсолаи аввали соли 2019 баррасишуда, шумораи маҳкумшудагон дар ин давра, ба тафтиши иловагй баргардонидашудани парвандаҳои ҷиноятӣ, ҷобаҷогузории кадрҳо дар ҳокимияти судӣ, санадҳои судии дар давраи ҳисоботӣ бекоршуда, оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, оид ба парвандаҳои бекоршавии ақдҳои никоҳ, инчунин оид ба баҳсҳо нисбати бонкҳо дар хусуси баргардонидани пасандозҳо саволу ҷавобҳо доир гардидаанд, ки ба саволҳои аз тарафи намояндагони васоити ахбори омма додашуда посухҳои мушаххас гардонида шуд, ки писанди иштирокдорон гардиданд.

Дар охир раиси Суди вилояти Хатлон бори дигар намояндагони васоити ахбори омма ва иштирокдорони нишати матбуотиро барои иштирокашон минатдорӣ пазируфтанд.