НИШАСТИ МАТУБОТӢ (3.02.2021 сол)

Санаи 3 феврали соли 2021 дар маҷлисгоҳи Кохи фарҳанги вилояти Хатлон бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон муҳтарам Хайридинзода Азизбек ва намояндагони васоити ахбори умум, ки дар вилояти Хатлон фаъолият менамоянд, гузаронида шуд.

Соати 14:00 нисшати матбуотиро раиси суди вилоят муҳтарам Мирзозода М.Р. оғоз намуда, доир ба натиҷаҳои фаъолияти суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баромад намуд. Сипас раиси суди иқтисодии вилоят муҳтарам Хайридинзода А. баромад кард.

БАРОМАДИ РАИСИ СУДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОИД БА НАТҶИАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СОЛИ 2020 ДАР НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Дар  давраи ҳисоботии соли  2020  судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди вилояти Хатлон  мутобиқи Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маљлиси Олии Љумҳурии Тољикистон аз 26 декабри  соли 2019  ва  Қарорҳои Пленуми Суди Олии  Љумҳурии Тољикистон фаъолият  намуда, баҳри ба амал баровардани адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат дар миқёси вилоят корҳои муайянро ба анљом расонидаанд

Суди вилоят оид  ба гузаронидани машғулиятхои семинарӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 нақшаи корӣ тартиб дода, дар асоси ин нақшаҳо ҳар моҳ дар якљоягӣ бо судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят машѓулиятҳои семинарӣ гузаронид.

Баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон,  судяҳои Суди вилояти Хатлон дар давраи ҳисоботи  (309) 320-маротиба бо аҳолии вилоят вохуриҳо гузаронида, ба воситаи Садо  (66) 67 ва Симо  (87) 93 маротиба баромад карданд ва (35) 35 адад мақолаҳои судяҳои суди вилоят дар рўзномаҳо чоп шудаанд.

Дар бораи риояи интизоми меҳнат ҳаллу фасл намудани арзу шикоятҳо, дар муҳлати муқарраркардаи қонун баррасӣ намудани парвандаҳои љиноятӣ, гражданӣ ва оилавӣ ба тариқи зинаи якум, парвандаҳои љиноятӣ, гражданӣ оилавӣ ва маъмурӣ дар марҳилаи кассатсионӣ ва назоратӣ, инчунин иљрои ҳукму ҳалномаҳо, таъинот ва қарорҳои суди (25) 50_маротиба маљлисҳои фаврии кормандони суди вилоят гузаронида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Суди вилояти Хатлон ба тариқи марҳилаи якум   (113) 141-адад парвандаи љиноятӣ ворид шуда, (12) 15-адад парвандаҳо боқимонда аз соли 2019-ум, љамъ (125) 156-ададро ташкил дод, ки ин парвандаҳои љиноятӣ ба судяҳои суди вилоят барои моҳиятан баррасӣ намудан ирсол карда шуд ва (16) 14-адад парвандаҳои љиноятӣ дар охири давраи ҳисоботӣ боқӣ мондааст. Дар натиља (109) 142-адад парванда баррасӣ карда шуда, (109) 128-адад  парванда  нисбати  (122) 184-нафар бо баровардани ҳукм баррасӣ гардида, нисбати  (116) 140-нафар љазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст. Дар давраи ҳисоботи (102) 125 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шуда, (28) 54-адад парвандаи љиноятӣ дар суди сайёр баррасӣ шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба тариқи марҳилаи якум парвандаҳои  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид ва баррасӣ карда нашудааст.(дар соли 2019 низ баррасӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ нагрдидааст.)

Дар давраи ҳисоботӣ ба тариқи марҳилаи якум  (18) 23-адад парвандаҳои гражданӣ ворид шуда, (2) 3-адад парвандаҳо боқимонда аз соли 2019-ум,  љамъ (20) 26-ададро ташкил дод, ки аз ин бо баровардани ҳалнома 9 адад, 4 адад бе баррасӣ мононда шуда, 1 парванда дар истеҳсолоти судӣ қатъ карда шуда, 12 адад парванда боқӣ мононда шудааст. 2 маротиба мурофиаи сайёри судӣ гузаронида шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба тариқи марҳилаи якум  16-адад парвандаҳои оилавӣ ворид шуда, ки аз ин бо баровардани ҳалнома 3 адад, 4 адад бе баррасӣ мононда шуда, 1 парванда ба тобеияти судӣ фиристода шудааст, 8 адад парванда боқӣ мононда шудааст. 3 маротиба мурофиаи сайёри судӣ гузаронида шудааст. (Дар соли 2019 ба тариқи марҳилаи якум парвандаҳои  оилавӣ ворид ва баррасӣ карда нашудааст.)

Дар давраи ҳисоботи ба марҳилаи кассатсионӣ (140) 117-адад парвандаҳои љиноятӣ бо шикояту эътирозҳои кассатсионӣ  ворид шудааст. Аз ин миқдор (125) 107-адад парвандаҳо баррасӣ гардида, (15) 6-адад парвандаҳо бе баррасӣ баргардонида шудааст. Аз миқдори умумии парвандаҳои ба марҳилаи кассатсионӣ воридгашта, (19) 21-адад парвандаҳо бо эътирозҳои кассатсионӣ, (3) 7-адад бо эътирозҳои хусусӣ, (4) 4 адад бо шикояти хусусӣ, (99) 79-адад парвандаҳо бо шикоятҳои маҳкумшудагон ва љабрдидагон ворид шудааст. Дар марҳилаи кассатсионӣ (31) 39-адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шудааст.

Дар давраи хисоботи ба марҳилаи кассатсионӣ  (27) 17-адад парвандаҳои  маъмурӣ ворид гардид, ки аз ин (22) 16  адад бо шикояти  ҳуқуқвайронкунандагон, (1) 1 адад бо эътирози хусусии прокурор мебошанд. (23) 16 адад баррасӣ карда шуда, (4) 1 адад шикоят бе баррасӣ мононда шуд. Дар марҳилаи кассатсионӣ (3) 9-адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи қарорҳо оид ба татбиқи чораҳои пешгирӣ (1)  8 адад шикоят ворид шуд.

Дар давраи  ҳисоботӣ ба марҳилаи кассатсионӣ (165) 150-адад парвандаҳои гражданӣ дохил  гардидааст,  (145) 135-адад парвандаҳо баррасӣ карда шуд ва (20) 6-адад парванда бе баррасӣ баргардонида шудааст. Аз ин миқдор (134) 127-адад парвандаҳо бо шикояти кассатсионии тарафҳо ва (11) 15-адад бо шикояти хусусӣ ва 1 адад бо эътирози кассатсионӣ ворид гардидааст. Дар марҳилаи кассатсионӣ (17) 18-адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шудааст.

Дар давраи  ҳисоботӣ ба марҳилаи кассатсионӣ  (154) 156-адад парвандаҳои  оилавӣ ворид  гардида, (138) 150 адад парванда баррасӣ карда шуд ва (16) 6-адад парванда бе баррасӣ баргардонида шудааст. Аз ин миқдор  (128) 143-адад парвандаҳо бо шикояти кассатсионӣ ва (10) 7-адад бо шикояти хусусӣ. Дар марҳилаи кассатсионӣ  (28) 32-адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шудааст.

Дар давраи ҳисоботи (680) 877-адад шикоятҳо ва эътирозҳои назоратӣ  дар Суди вилоят ворид гардидааст, ки аз ин оид ба парвандаҳои љиноятӣ 161 (188), маъмурӣ 45 (49), гражданӣ 274 (314) ва оилавӣ 112 (129)  мебошад.  Аз ин (579) 455-адад  шикояту эътирозҳои назорати ҳаллу фасл гардида, (61) 76 адад бе баррасӣ мононда шуда,  (40) 61-ададаш боқӣ мондааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Раёсати Суди вилояти Хатлон  (67) 51-адад парвандаҳои љинояти ворид гардида, аз ин (61) 47-адад бо эътирозҳои прокурорҳо ва  (6) 4-адад аз рўи шикояти маҳкумшудаҳо, ки аз ин (67)50 адад қарорҳои судяҳои суди вилоят дар бораи оѓоз намудани пешбурди назоратӣ ва ба баррасии  марҳилаи назоратии судӣ додани шикоят ворид шуда, 1 адад қарорҳои судяи Суди Олӣ дар бораи оѓоз намудани пешбурди назоратӣ ва ба баррасии  марҳилаи назоратии судӣ додани шикоят ворид шуда, дар натиҷа (65) 46 адад парванда баррасӣ шуда, 5 адад боқӣ ба соли 2021 мононда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Раёсати суди вилоят (19) 29-адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид гардида, аз ин (19) 29 адад бо қарори судяҳо дар бораи оѓоз намудани пешбурди назоратӣ ба баррасии марҳилаи назоратии судӣ дода шудааст, (18) 29-адад эътирози прокурорҳо баррасӣ гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Раёсати суди вилоят (4) 5-адад парвандаи гражданӣ аз рўи эътироз ва шикояти тарафҳо бо таъинотҳои судяҳо оид ба ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди марҳилаи назоратӣ ворид гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Раёсати суди вилоят 3-адад парвандаи оилавӣ аз ин 2 адад бо эътирози прокурор, 1 адад аз рўи шикояти тарафҳо бо таъинотҳои судяҳо оид ба ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди марҳилаи назоратӣ ворид гардидааст.

(Дар соли 2019 ба Раёсати суди вилоят парвандаҳои оилавӣ ворид ва баррасӣ нашудааст.)

Ѓайр аз ин мувофиқи нақшаи корӣ фаъолияти судҳои  шаҳру ноҳияҳои Норак, А.Ҷомӣ, Шаҳритуз, Хуросон, Ҷайҳун, Ховалинг, Вахш, Ш.Шоҳин, Ҷ.Балхӣ, Темурмалик, Балҷувон, Дӯстӣ, Панҷ, Н.Хусрав, Бохтар, Фархор ва Қубодиён санљида шуда, натиљаи санљиши фаъолияти судҳои номбурда дар Љаласаи Раёсати Суди вилояти Хатлон бо иштироки судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои мазкур мавриди муҳокима қарор дода шуда, дар хусуси камбудиҳои љойдошта дар ин бахш қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Фаъолияти судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар соли 2020:

Дар соли 2020 ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ (2847) 2938 адад парвандаҳои ҷиноятӣ ворид гардида, 94 адад боқӣ аз соли 2019, аз ин (2752) 3032 адад парвандаҳо баррасӣ карда шуда, (95) 285 адад парвандаҳо боқӣ мондааст.  (8) 8 адад парвандаҳо ба тафтишоти иловагӣ баргардонида шуда, (1267) 1569 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шуда, (900) 896 маротиба судҳои сайёр гузаронида шудааст.

Дар ҳамин давра (84) 75 адад ҷамъбастиҳои амалияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ бароварда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ нисбати (95) 129 нафар ноболиғ ва (228) 215 нафар зан ва 8 шаҳрвандони хориҷӣ парвандаҳои ҷиноятӣ баррасӣ карда шудааст.

Дар соли 2020 ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ (13673) 12218 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  ворид гардида, аз ин (116) 52 адад боқӣ аз соли 2019 ҷамъ: (13789) 12270 адад парванда ворид гардида, (12793) 11309 адад парвандаҳо баррасӣ карда шуда, (155) 144 адад парвандаҳо дар истеҳсолот қатъ гардида, (52) 37 адад парвандаҳо боқӣ мондааст.   Ҳамагӣ (2058) 2340 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шуда, (3169) 2848 маротиба судҳои сайёр гузаронида шудааст.

Дар ҳамин давра (67) 72 адад ҷамъбастиҳои амалияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бароварда шудааст.

Дар соли 2020 ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ (3191) 2895 адад парвандаҳои гражданӣ ворид гардида, 389 боқӣ аз соли 2019, аз ин (2802) 2851 парвандаҳо баррасӣ карда шуда, (336) 367 адад аризаҳо бе баррасӣ мононда шуда, (180) 202 адад парвандаҳо дар истеҳсолоташон қатъ карда шудааст (389) 433 адад парвандаҳо боқӣ мондааст. Вобаста ба парвандаҳои гражданӣ ҳамагӣ (401) 430 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шуда, (640) 738 маротиба судҳои сайёр гузаронида шудааст. Дар ҳамин давра (34) 45 адад ҷамъбастиҳои амалияи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ бароварда шудааст.

Дар соли 2020 ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ (15722) 14126 адад парвандаҳои оилавӣ ворид гардида, 1757 адад боқи аз соли 2019, ҷамъ 15883 адад парванда, аз ин (13965) 11206 парвандаҳо баррасӣ карда шуда, (1392) 1483 адад аризаҳо бе баррасӣ мононда шуда, (1063) 1175 адад парвандаҳо дар истеҳсолоташон қатъ карда шудааст, (1757) 1704 адад парвандаҳо боқӣ монда шуд. Вобаста ба парвандаҳои оилавӣ ҳамагӣ (1948) 2255 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шуда, (2266) 2422 маротиба судҳои сайёр гузаронида шудааст.

Дар ҳамин давра (57) 67 адад ҷамъбастиҳои амалияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ бароварда шудааст.

Аз тарафи судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар соли ҷорӣ ҳамагӣ 14 қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон пурра бекор ва 2 адад қисман бекор карда шудааст.

Судяҳои шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон  дар давраи ҳисоботӣ  (3453) 3325 маротиба бо аҳолии вилоят  вохӯриҳо гузаронида, ба воситаи Садо  (390) 372 ва Симо  (439) 347 маротиба баромад карданд ва (294) 275 мақолаҳои  судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар рӯзномаҳо чоп шуданд.

Судяҳои Суди вилоят,  судяҳои  судҳои  шаҳру ноҳияҳои он ва кормандони дастгоҳи онҳо  сиёсати давлатиро дуруст дарк намуда, фаъолияти  худро дар  самти ба амал баровардани адолати судӣ, таъмини  волоияти қонун  ва ҳифзи  ҳуқуқу озодиҳои  инсон амалӣ карда истодаанд.