Омузиши маҷозии (онлайн) низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ
27 феврали соли ҷорӣ дар Толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав омузиши маҷозии (ондайн) Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ аз ҷоноби мутахассисони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.



Дар машғулияти мазкур раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим, муовини раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Наимзода Пайрав Сулаймонӣ, судяҳои суди вилоят, раисон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок варзиданд.


Аз ҷониби мутахассисони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи маҷозӣ (онлайн) Низоми гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ — тартибдиҳӣ, истифода, нигоҳдорӣ ва мубодилаи ҳуҷҷатҳои электронӣ ба воситаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ омузонида шуд.


Суди вилояти Хатлон 




