ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ — БАРНОМАИ РУШДИ КИШВАР

Ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардида, ҳамчун санади муҳими сиёсӣ натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакатро ҷамъбаст ва афзалиятҳои стратегии давлатро барои давраи минбаъда муайян менамояд.

16 декабри соли 2025 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Боиси зикр аст, ки ин санади муҳим ҳамчун барномаи мукаммали рушди кишвар барои марҳалаи нави созандагӣ арзёбӣ мегардад.

Дар Паёми имсола таваҷҷуҳи асосӣ ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии табақаҳои осебпазир равона гардид. Таъкид шуд, ки сиёсати иҷтимоии давлат, пеш аз ҳама, бояд ба беҳтар намудани некуаҳволии мардум нигаронида шавад.

Ҳамзамон, дар Паём масъалаҳои рушди саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ ҳамчун самтҳои калидии пешрафти иқтисоди миллӣ муайян гардиданд. Тақвияти иқтидори истеҳсолӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва истифодаи самараноки захираҳои миллӣ аз омилҳои муҳимми таъмини рушди устувор арзёбӣ шуданд.

Яке аз рӯйдодҳои таърихии соли 2025, ки дар Паём махсус таъкид гардид, ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад. Имзои шартнома дар бораи муайян намудани хатти сарҳади давлатӣ, инчунин ба имзо расидани созишнома миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ барои таҳкими сулҳу субот ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам овард. Ин дастоварди муҳим натиҷаи сиёсати сулҳҷӯёна ва хирадмандонаи роҳбарияти давлат мебошад.

Дар арсаи байналмилалӣ низ Тоҷикистон мавқеи фаъол дорад. Аз ҷумла, ташаббусҳои кишвар дар доираи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор ва нақши зеҳни сунъӣ бо пуштибонии ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Қабули қатъномаҳо дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» далели равшани нуфузи афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ҳамчунин, ворид гардидани ёдгориҳои Хутали қадим ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО гувоҳи эътирофи арзишҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик аст.

Паёми имсола фарогири масоили муҳимми миллӣ буда, ҷавононро ба масъулияти баланд, худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои истиқлолу ваҳдат ҳидоят менамояд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ояндаи давлат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибмаърифат ва ватандӯст вобаста мебошад. Аз ин рӯ, падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа бояд ба таълиму тарбияи дурусти насли наврас бо масъулияти баланд муносибат намоянд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати сарнавиштсоз буда, самтҳои асосии рушди дохиливу хориҷии кишварро барои солҳои оянда муайян месозад. Татбиқи ҳадафҳои дар он зикршуда ба таҳкими сулҳу субот, рушди иқтисодӣ ва баланд гардидани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар саҳм гузоштан дар амалисозии ин барномаи ояндасоз ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият мебошад.

Давлатбек ЛАТИФИЁН,
мутахассиси пешбар-тарҷумони
Суди вилояти Хатлон