Тамошои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Субҳи имрӯз дар Суди вилояти Хатлон тариқи телевизион тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи кормандони дастгоҳи суди вилоят ва судяҳои Суди вилояти Хатлон баргузор гардид.

Баъди хотима ёфтани Паёми  раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад ба кормандони дастгоҳ ва судяҳои суди вилоят дастуру супориш дода шуд, ки баҳри ичрои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода бошанд то, ки ҳамаи дастуру ҳидоятҳои дар Паёми мазкур омадаро сари вақт ва бо сифат иҷро намоянд.