Паёми табрикии раиси Суди вилояти Хатлон мўҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкасбон ва ҳамватанони азиз!

Дар ҳаёти ҳар як давлату миллат парчам мавқеъ ва нақши хоси худро дошта, мардумро баҳри ҳаёти осоишта, сулҳу субот ва мубориза барои зиндагии арзандаю инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят ва раҳнамоӣ менамояд.

Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба сўи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ — сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд. Дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти марзии кишвари тозаистиқлоли тоҷикон, инчунин рамзи нахустини давлати соҳибистиқлоламон — Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуданд, ки имрўз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем.

Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Парчами миллӣ имрўз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг: ранги сурх озодиву истиқлол,  ранги сафед сулҳу оромӣ, ранги сабз ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон, бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузор сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешваои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо баландии 165 метр сохта шуд, ки   дар китоби Гиннес ҳамчун баландтарин манораи Парчами давлатӣ ворид карда шуд.

Аз он рўзе, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуда, равобити дўстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд.

Имрўз давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, Парчами миллии мо дар қатори парчами кишварҳои дигар дар пештоқи созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ ҷойгир гардидааст, ки ин мояи ифтихору рўҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.

Парчами давлатӣ барои мо — тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдату ҳувият ва дастоварди бузурги миллӣ буда, беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рўҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Бинобар ин ба ин дастоварди миллӣ бояд ҳамеша эҳтиром гузорем, онро муқаддас донему бо арҷгузорӣ ба он ваҳдати милливу якпорчагии кишвари азизамонро таҳким бахшем, ҳифзу нигаҳдошти парчамро рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи ватандорӣ донему ба халалдор шуданаш ҳаргиз роҳ надиҳем.

Дар ҳамаи маврид шароит муҳайё намоем, ки Парчами миллӣ рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик барои озодӣ, ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ба Ватани ободу соҳибихтиёр  то абад парафшон бошад.

Бо ҳамин ниятҳои нек рўзи Парчами миллиро ба ҳамаи Шумо муборакбод гуфта, дар ин рўзи таърихӣ ба ҳар як хонадони мардуми вилояти Хатлон ва ҷумҳурӣ хуррамиву осоиши рўзгор, бахту саодат ва сарбаландиву сарфарозиро орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!