Парчами ман-ифтихори ман

Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти  миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои давлат  ва рамзҳои  давлатдории гузаштаи тоҷикон, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву  ормонҳои мардуми шарафманди Тоҷикистон мебошад. Аз ин рў сокинони мамлакат  дар раванди  дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷамъиятию  сиёсии  мамлакат   ва дар партави  сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон рўзи Парчами давлатиро ҳар сол  бо тантана ҷашн мегиранд. Парчами давлатӣ  аввалин  рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол  буда, дар Иҷлосияи 16 Шўрои  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.

Баъди садсолаҳо мардуми тоҷик ба шарофати истиқлолияти  сиёсӣ соҳиби Парчами миллӣ  гашта, бори нахуст 24 ноябри  соли 2009 санаи қабули  Парчами давлатӣ –ҳамчун  ҷашни умумимилли таҷлил  гардид, ки  ин  ифтихори   ҳамагон    аст.

Асосгузори Сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон барҳақ таъкид намудаанд, ки « Ҳар як фард бояд ифтихор  дошта бошад, ки  Парчами  давлатии  мо дар арсаи ҷаҳонӣ  баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи  ташкилоту созмонҳои  бонуфузи ҷаҳон парафшони мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни  тоҷик ва узви  комилҳуқуқи  ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад».

Парчами   давлатӣ  аз рангҳои сурх, сафед ва сабз иборат буда, тавсифи рангҳо  низ ҷолиб  аст, яъне  ранги сурх  рамзи мубориза ва чоннисориҳо, равшанӣ, сурхрўи, ранги сафед рамзи сулҳу оромӣ, бахту иқболи сафед ва ранги сабз рамзи сарсабзию хуррамӣ мебошад.

Парчами давлатӣ рамзи хаёти осоишта, бахту иқболи сафед, умед ба фардои  дурахшон буда, сазовори эҳтироми ҳар як шаҳрванди  Ҷумҳурии    Тоҷикистон   мебошад. Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи  ифтихори ҷовидонии миллат ва муҳаббату садоқати сокинон ба Ватанамон  то абад парафшон бошад.

Чи тавре Асосгузори Сулху вахдати Милли-Пешвои миллат фармудаанд: « Парчами давлатӣ хар фарди  бонангу номусро ба ифтихор аз давлату ватандори, хифзи истиклолияту  дастовардҳои он ва пеш аз ҳама саъю талоши  пайваста ба хотири ободии сарзамини  аҷдодӣ ҳидоят  намуда, хангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабинихои  фарҳангиву  варзишӣ ва байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон бараф-рохта мешавад.»

Бояд ёдовар шуд, ки қонунгузор барои таҳқир кардани рамзҳои давлатӣ аз ҷумла Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 342-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон –яъне дар намуди –ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то як сол  ҷазоро муайян кардааст.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми  кормандони суди вилоят-ро бо иди  Парчами  давлатӣ табрик ва муборак бод   гуфта, ба Шумо сулҳу осоиштагӣ ва оромии Ватанамон-ро таманно менамоям.

 

Мутаххасиси Раёсати

Суди в.Хатлон                                              Абдуллозода Б.Р.