Пешгирии бемории сироятии КОВИД-19 (Коронавирус) ва безараргардонӣ 7.05.2020 сол

7 майи соли 2020 дар бинои Суди вилояти Хатлон баъди гузаронидани корҳои ободонӣ аз тарафи кормандони Маркази санитарӣ-эпидемиологии шаҳри Бохтар бо мақсади пешгии бемории сироятии пандемияи КОВИД-19 (Коронавирус) корҳои профилактикӣ-дезинфексионӣ гузаронида шуда,  утоқҳои корӣ ва толорҳои маҷлисгоҳи суд бо доруи махсус безарар гардонида шуда, бо супориши роҳбарияти суди вилоят барои ба пояфзоли тоза вориди бинои суди вилоят шудан дар даромадгоҳи бинои суд таҷҳизоти махсуси аз тахта сохташуда, ки дохилаш аз матои карбосии бо маҳлули «Хлор» омехташуда пахш карда шуда, ҳамарўза барои пешгиӣ ва эмин нигоҳ доштани саломатии кормандон ва шахсони ба суд ташрифоварда аз ин хатари умумиҷаҳонӣ, тамоми чораҳои безараркунонӣ андешида шуда истода, дар даромадгоҳи бинои суд суратлавҳаҳо оиди риояи гигиенаи шахсӣ аз бемории пандемияи сирояти коронавируси COVID-2019 насб карда шудааст.