Рӯзи 9 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия

 
Имрӯз дар Кохи Фарҳанги шаҳри Бохтар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба  “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зиди коррупсия” баргузор гардид. Дар маҷлиси тантанавии мазкур Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуданд.
муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ва сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Тоҳирзода Баҳриддин иштирок ва суханрони намуданд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ зимни суханронии  худ қайд намуд, ки «Ҳамасола дар сартосари ҷаҳон рӯзи 9 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия баргузор карда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати имрӯзаи худ пешгирии коррупсияро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон кардааст, ки ин нишонаи иродаи қавӣ ва бевоситаи Пешвои миллат дар самти пурзӯр кардани мубориза алайҳи коррупсия мебошад.
Лозим мешуморам, ки дар ин радиф таъкиди Пешвои маҳбубу муаззами миллатро ёдовар гардам: “Яке аз хатарҳои асосии ҷомеа, ки ба рушди устувори давлат монеъ шуда, ба нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад, коррупсия мебошад”.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ зарур аст, ки мафҳуми муқовимат бо коррупсияро миёни мардум бештар мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба миён омадани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда дар дастаҷамъона мубориза бурда, дар таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва ғани гардидани буҷаи давлат саҳмгузор бошем.
Воқеан ҳам дар ҳамбастагӣ ва иттиҳодию ҳамдигарфаҳмӣ метавонем, дар роҳи пешгирии ин вабои аср ба натиҷаҳои дилхоҳ расида, болоравии фасодро миёни аҳли ҷомеа коҳиш диҳем.
Таъкид бояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия, натанҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ балки рисолати бузурги шаҳрвандии ҳар як нафар мебошад, ки дар ин роҳ бояд бо ҳисси ифтихори миллӣ ва садоқати ватандӯстона мубориза бурд ва ҳар як фарди ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дар ин ҷода бетараф набошад.»
Дар фарҷоми конференсия ба як қатор кормандони ҳифзи ҳуқуқ, барои хизматҳои шойиста баҳри ободии Ватани азизамон бо “Сипоснома”-и раиси вилояти Хатлон қадрдони шуданд.