Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Сараввал ман тамоми кормандонро бо ин рӯзи иди Парчам табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар кору фаъолияташон комёбиву осудаҳолӣ орзу менамоям.

Чихеле, ки ба мо маълум аст, моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон, ки дар он роҳи ҳалли мушкилоти кишвар, хатми ҷанги дохилӣ, ҳифзи якпорчагиву истиқлоли давлатӣ баррасӣ мешуд, дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъӣ ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар, инчунин рамзҳои нахустин давлати соҳибистиқлоламон  Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуд.

Инчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20 ноябри соли 2009, Санаи 24 ноябрро «Рӯзи  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намуданд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рангҳои сурх, сафед, сабз ва тоҷу ҳафт ситора иборат аст. Тоҷикистон дар минтақа баъд аз Туркманистон дуввумин кишвар аст, ки ба хотири парчами миллии худ иди давлатӣ эълон кардааст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Санаи 9 сентябри соли 2011 рӯзи таҷлили 20 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз майдони марказии пойтахт парчами дарозиаш 2011 метр, бараш 7 метр ва вазнаш 860 кг бо як шукуҳу шаҳомати хос гузаронида шуд.

Таърихи парчам ва маънои унсуру аломатҳои дар он ифодашуда солҳост ки мавриди омӯзиши муҳаққиқон қарор дорад. Воқеан ҳам, донистани мазмуну муҳтавои парчам, шаклу маъно ва ишораҳои дар он таҷассумёфта дунёи ботинии инсонро рангину зебо мегардонад. Инсоният дар ҳамаи давраҳои таърихӣ барои ифодаи маром ва ҳадафҳои хеш рамзҳои гуногунро эҷод намудааст. Зарурати таърихӣ инсонро водор кардааст, ки барои барқарор намудани хотира ё кору пайкор рамзеро истифода намояд. Яъне, рамзҳо як навъ ифодагари орзуву омол ва рози ниҳони сарнавишти қавму қабила, нажод ва миллату давлатҳо мебошад.

Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дорад. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони қадим соҳиби парчам буданд ва дар адабиёти қадимаи миллат он бо номи дирафш ёд мешавад. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши ковиён» ном дошт. Хушбахтона, бо шарофати истиқлоли давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд.

Инчунин, Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хоса дошта, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин сунати аҷдодӣ таърихи беш аз 4000 сола дорад.

Омӯзиши таърихи давлатдории аҷдодони ориёӣ маълум менамояд, ки ҳокимону пешвоён барои ифода кардани мавҷудияти давлати худ рамзу нишон, ишора, аломат ва дигар воситаҳоро қабулу истифода мекардаанд.

Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Ба хотири мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ Сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки он ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид.

Санаи 30 августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, ки он замон баландтарин дар ҷаҳон буд, парафшон гардид. Баландии худи парчам 30 метр ва дарозии он 60 метр мебошад.

Парчаме, ки дар маркази ҷумҳурӣ қомат афрохтааст, дар китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид шудааст. Бунёди он аз эҳтироми муқаддасоти миллӣ ба ин рамзи давлатӣ шаҳодат медиҳад.

Дар охир ман аз фурсат истифода бурда тамоми кормандони дастгоҳи суд, кулли ҳамватанони ин кишвари азизамонро бо фарорасии ин ҷашни миллӣ самимона муборакбод намуда, барояшон сиҳатмандиву саодати рӯзгор ва иқболи некӯ пирӯзиҳоро барояшон таманно менамоям. Бигзор ҳамеша сулҳу субот, ободиву осоиштагӣ дар кишвар устувору парчами Тоҷикистони азизамон ҳамеша парафшон бошад.

Котиби коллегияи судии Суди вилояти Хатлон

Таиров Суҳроб Рустамхонович