РАШКУ ҒАРАЗ МОҲПОРАРО БАРОИ 25 СОЛ БА МАҲБАС БУРД

Ҳамеша нақши асосиву рангинро дар оилаи мардуми кишварамон зан мебозад. Зеро зебоӣ, маърифатнокӣ ин хоси зан буда, ба зиндагии мард ва аҳли оила як илҳоми покизагӣ мебахшад. Аммо дар ҷомеа ҳастанд занҳое, ки ба ин неъмати пок нақши хунинро тарҳ мерезанд. Чунин тарҳрезиву кирдорҳои нангин аз тарафи баъзе занҳо мақоми занро дар ҷомеа доғдор менамояд. Яке аз ин занҳо сокини деҳаи Турдишайхи ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Ҳиматова Моҳпора Сайвалишоевнаи 38 сола мебошад, ки даст ба ҷинояти махсусан вазнин зада, ба оилае, ки ӯро ҳамчун зани покдоман эътироф карданд, ангушти заҳролуд зад.

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон  9 ноябри соли 2017 барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “а,в,ж,и”, 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои “а,в,ж,и” ва 109 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне бо ҷурми одамкӯшӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар, нисбати ду шахс ё бештар аз он, куштани шахси бараъло ноболиғ, куштан бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок ва куштани одам бо мақсади ғаразнок, барои сӯиқасди одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани ду шахс ё бештар аз он, куштани бараъло ноболиғ, куштани одам бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок  ва куштани одам бо мақсади ғаразнок, ичунин барои бо роҳи таҳдид ба худкушӣ расонидани шахс Ҳиматова Моҳпораро гунаҳгор дониста, ба вай барои содир кардани ин кирдорҳои нангин ҷазои 25 сол маҳрум сохтан аз озодиро раво дид.

Ҳиматова Моҳпора барои он гунаҳгор дониста шуд, ки соли 2014 бо Насридинов Мирзошо сокини деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти К.Сайфудинови ноҳияи Панҷ оила барпо намуда, ҳамроҳи наздикони шавҳараш, яъне бародари шавҳараш Насридинов Мирхуҷа ва аҳли оилаи ӯ зиндагонӣ менамуд. Муддати чанде ҳангоми ҳамсар ва фарзандони бародари шавҳараш Насридинов Мирхуҷа ба хонаи хушдоманаш деҳаи Шахмати ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ рафтан ва аз рӯзи аввали шиносоӣ ба ӯ ошиқ шудан, дар қаъри шаб ба ҳуҷраи хоби ҳевараш даромада таклиф кардааст, ки бо вай ҳамхоба шавад. Насридинов Мирхуҷа Бо мақсади паст назадани обу рӯи бародараш Насридинов Мирзошо таклифи вайро рад карда, Ҳиматова Моҳпораро аз ҷойгоҳи хобаш рондааст.

Аз ин  рафтори ӯ Ҳиматова Моҳпора ба ғазаб омада нисбат ба Насридинов Мирхуҷа ва аъзоёни оилаи ӯ аз ҳиссиёти рашк, нафрат ва хусумат пайдо намуда, нақшаи аз ҳаёт маҳрум сохтани Мирхуҷа ва аъзоёни оилаи ӯро ва ба даст овардани манзили истиқоматии онҳоро тарҳрезӣ намудааст.

Сипас, вай бо мақсади амалӣ намудани нақшаи тарҳрезӣ кардааш дар моҳи “Шарифи Рамазон”, нисфирӯзӣ бо хоҳиши шавҳараш Мирзошо, барои аҳли оилаи ҳевараш Мирхуҷа, ки бояд аз кори саҳри ба хона бармегаштанд, хурок тайёр карда, нону хӯроки мазкурро тариқи пинҳонӣ бо доруи заҳрноки пайвастагиҳои фосфордор, ки барои несту нобуд кардани ҳашароти зараррасон (афлотаксин В1) дар оғили хонаашон нигоҳ дошта мешуд, омехта  заҳролуд намудааст.

Ҳиматова Моҳпора қасди ҷинояткоронаи худро давом дода, дидаю дониста, ки аз нон ва таоми тайёр кардааш аъзоёни хурдсоли оилаи ҳевараш низ истеъмол намуда, ба ҳалокат расиданашон мумкин аст, новобаста аз ин баъди аз саҳро баргаштани Насридинов Мирхуҷа бо ҳамсараш ва дигар аъзоёни оилаашон бо мақсади бо роҳи заҳролудкунӣ аз ҳаёт маҳрум сохтани онҳо хӯрок ва нони қаблан заҳролуднамудаашро барои истеъмол ба дастархон гузоштааст, ки аз ин хурок шавҳараш Насридинов Мирзошо, бародараш Насридинов Мирхуҷа ва дигар аъзоёни хурду калони оилаашон истеъмол карда, заҳролуд мешаванд. Онҳоро дар беморхонаи ноҳия бистарӣ намуда, аз дами марг наҷот медиҳанд, аммо ҳевараш Насридинов Мирхуҷа дар натиҷаи заҳролудшавии шадиди бадан бо маводи сахттаъсири афлотоксин В1 ба ҳалокат мерасад.

Боз такроран Ҳиматова Моҳпора дар ҳамон вақту ҷой, бо ҳамон тарзу усули дар боло зикргардида ва бо мақади аз ҳаёт маҳрум намудани шавҳараш Мирзошо, фарзандони апаи шавҳараш ва домоду се фарзанди ноболиғашон , ҷамъ 9 анфар аъзоёни оилаи шавхарашро заҳролуд менамояд.

Бори дигар 7 сентябри соли 2014 Ҳиматова Моҳпора кирдорҳои қасдонаи худро давом дода, кулчаву ноне, ки барои маросими серузагии марҳум тағои шавҳараш мебоист барад, заҳролуд карда, ду адад нони заҳролудшударо ба хонаи ҳамсояаш, ки маърака доштааст, фиристода, як қисми дигари нонҳои пухтаашро бо таом ба назди оила ва фарзандони марҳум ҳевараш Насридинов Мирхуҷа мондааст ва худаш аз пешниҳоди таом хурдан рад карда, баромада рафтааст.

Гарчанде, ки Ҳиматова Моҳпора пеш аз ин аз шавҳари пешинааш ҷудо шуда, бори дуюм бо Насридинов Мирзошо оила барпо намудааст, ба ин нигоҳ накарда бо собиқ шавҳараш мулоқот ва вохӯри мекардааст. Аз ин кирдори нангинаш хохаҳри шавҳараш фаҳмида, бо ғазаб омада ба Моҳпора мегуяд, ки вай дар никоҳи бародараш мебошад ва айб аст, ки бо дигар мардҳои бегона мулоқот мекунад. Аммо дар ҷавоб Ҳиматова Моҳпора доду фиғон карда, мегуяд, ки хоҳари шавҳараш вайро туҳмат карда истодааст. Ин доду фиғони вайро ҳамсоягон мешунаванд ва Моҳпора аз хона бо доду фиғон баромада меравад. Баъди аз ҳавли баромада рафтани Моҳпора хоҳари шавхараш ва дигар аъзони хурдсоли оилаи шавҳараш нони заҳролудшударо истеъмол карда заҳролуд мешаванд, ки дар натиҷа ҳамаи онҳо дар беморхона бистарӣ мешаванд. Дар натиҷаи заҳролудшавӣ як нафар аъзои хурдсоли оилаи Насридинов Мирзошо-Насридинова Тахмина 1 марти соли 2013 соли таваллудаш аз заҳролудшавии бадан аз заҳрхимикатҳои пайвастагиҳои фосфордори БИ-58 ба ҳалокат мерасад.

Ҳамон вақт дар хонаи ҳамсояаш, ки маърака буду ду адад нонро Моҳпора ба онҳо фиристода буд, як ададшро ҳамсояаш ба хонаи худ мебарад. Дар натиҷа аъзоёни он оилаи ҳамсояаш заҳролуд шуда, дар беморхона бистарӣ гардида, наҷот меёбанд.

Аз маъракаи марҳум тағояш хоҳари Насридинов Мирзошо тариқи телефони мобилӣ занг зада хабар медиҳад, ки дар маърака меҳмононе, ки охирин омада буданд аз истеъмоли кулчаву нон заҳролуд шудаанд, хушбахтона касе аз ин заҳролудшавӣ ба марг нарасид.

Заҳролудшавӣ ва ҷон бохтани аъзоёни Мирзошо ин як фоҷиаи нангин барои оила ва аъзоёни ӯ буд.

Ҳангоми санҷиши ин ҳодисаи фоҷиаовар аз тарафи ШВКД ва прокуратура, аъзоёни оилаи Мирзошо ва худи Моҳпора барои пурсиш даъват карда мешаванд. Моҳпора бошад, ба Мирзошо таҳдид карда мегӯяд, ки агар нисбати вай нишондод диҳад, уро ҳам барои суиқасд ба ҷони аъзоёни оилааш ҳамчун шарики ҷинояти содиркардааш туҳмат карда, нисбаташ нишондоди бардуруғ медиҳад. Аз ин гуфтори Моҳпора шавҳараш Мирзошо ба хонаи худ омада, ба аъзоёни оилаи худ ҳолати корро фаҳмонда ва аз тарси таҳдиди ҳамсараш Моҳпора дар ҳузури аъзоёни оилааш бо мақсади худкушӣ бо корд ба шиками худ зада, ба худ ҷароҳатҳои вазнин мерасонад, ки боиси маргаш мегардад.

Дар рафти мурофиаи судӣ гуноҳи Ҳиматова Моҳпора дар содир намудани ҷинояти қасдона ва бо ғараз, аз қабили одамкӯшӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар, нисбати ду шахс ё бештар аз он, куштани шахси бараъло ноболиғ, куштан бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок ва куштани одам бо мақсади ғаразнок, барои сӯиқасди одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани ду шахс ё бештар аз он, куштани бараъло ноболиғ, куштани одам бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок  ва куштани одам бо мақсади ғаразнок, ичунин барои бо роҳи таҳдид ба худкушӣ расонидани шахс пурра тасдиқи худро ёфт.

Суд, ки ҳамчун таъминкунандаи адолат дар ҷомеа мебошад, ин кирдорҳои Ҳиматова Моҳпораро дар асоси қонун банду баст намуда, вобаста ба дараҷаи хавфнокии кирдори содирнамудааш ба вай ҷазои сазовор таъин намуда, ба аҳли ҷомеа маълум намуд, ки ҳар як кирдори ғайриқонунӣ бе ҷазо намемонад.

 

Раиси Суди вилояти Хатлон

Мирзозода Рустам Пираҳмад