Роҳпаймоии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ -24 ноябр

 

Субҳи 24 ноябри соли ҷорӣ аз назди бинои Терминали мусофиркашонии шаҳри Бохтар ба самти Парчами давлатии назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонии шаҳри Бохтар роҳпаймоии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ баргузор гардид.

Дар роҳпаймоии идона дар баробари дигар кормондани сохторҳои мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва низомӣ кормандони суди вилояти Хатлон ва суди шаҳри Бохтар низ иштирок варзиданд.  Кормандони суди вилоят ҳамчун таҷассумгари пайрвони аслии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо парчамҳо ва аксҳои Пешвои муаззами миллат, инчунин шиорҳои ватандӯстона роҳпаймоӣ намуданд.