Роҳпаймоии идона бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31 солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Субҳи 16 ноябри соли ҷорӣ аз назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба самти муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонии шаҳри Бохтар роҳпаймоии идона бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31 солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар роҳпаймоии идона дар баробари дигар кормондани сохторҳои мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва низомӣ кормандони суди вилояти Хатлон ва суди шаҳри Бохтар низ иштирок варзиданд.  Кормандони суди вилоят ҳамчун таҷассумгари пайрвони аслии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо аксҳои Пешвои муаззами миллат, парчамҳо ва шиорҳои ватандӯстона роҳпаймоӣ намуданд.