Гузаронидани рӯзҳои шанбегӣ баҳри таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ва корҳои ободонӣ баҳри таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  

Тибқи супориши роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди вилояти Хатлон дар бо иштироки кормандони Суди вилояти Хатлон ҳар рузи шанбе бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни Наврӯз ва таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегиҳо гузаронида истодаанд.

Дар шанбегиҳо бинои суди вилоят  ва дарахтони гирду атрофи бино рангу бор карда шуда, дар роҳрав ва назди бино гулҳои гуногун шинонда истодаанд, ки ин ободонӣ ба ҳусни бинои суди вилоят як шаҳомати хосса медиҳад.

Кормандони дастгоҳи Суди вилояти Хатлон тасмим гирифтаанд, ки дар оянда низ шанбегиҳоро давом дода баҳри хурраму обод гардонидани бинои суди вилоят кӯшиш ба харҷ медиҳанд.