Сарфарозгардонӣ бо сипосномаи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 6 сентябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ 9-сентябр баргузор гардид.
Дар маҷлиси тантанавии мазкур барои саҳми арзанда дар корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар арафаи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Норак баҳри ифтитоҳу ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор бо сипосномаи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳин сарфароз гардонида шуд.