Семинар-тренинг «Дастрасӣ ба иттилооти судӣ»

 

Санаи 1 ва 2 апрели соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «РАМЗ»-и шаҳри Бохтар бо иштироки котибони масъули мутбуотии судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, мудири шӯъбаи иттиллооти Суди Олӣ Тураев Камол Мавлонович, коромӯз-судя Шафо Беҳруз Назаралӣ, раиси Суди шаҳри Бохтар Ёқубзода А.Х., раиси Суди шаҳри Левакант Назарзода Р.Ҳ., раиси Суди шаҳри Кӯлоб Шарифзода Б. , раиси Суди ноҳияи Восеъ ва дигар судяҳои судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон семинар-тренинг дар мавзӯи «Дастрасӣ ба иттилооти судӣ» баргузор гардид.

 

Дар семинар-тренинги мазкур ба котибони масъули матбуотӣ ва судяҳо оиди дастрасии итиоот ба ВАО узаридаи нишасти матботӣ,тайёр кардани пресс-релизҳо, гузаронидани брифинг, интишори иттилоот дар сомонаҳои судӣ омӯзонида шуд.