ШӮРОИ ВИЛОЯТИИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН ДАР НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТ БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи  10 май, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилояти Хатлон баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода доир гардид, муовини раиси вилоят ва аъзои Шӯрои вилоятӣ, котиби Шӯро, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои қудратӣ иштирок намуданд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа, ки аз 6 масъала, иборат буд, шинос намуданд.
Дар навбати аввал бо дар назардошти оғоз гардидан мавсими корҳои саҳрои содироти маҳсулотҳои кишварзӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба самти содироти маҳсулотҳои кишоварзи аз вилоят мавриди барраси қарор гирифт.
Аз рӯи масъалаи якуми Шӯро муовини раиси вилоят Сулаймонзода Акрам ҳисобот доданд.
Дар баромади хеш Сулаймонзода Акрам иброз дошт, ки дар вилоят вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои назаррас анҷом дода шуда истодааст. Дар самти содироти маҳсулотҳои кишоварзӣ дар ҳамкориӣ бо соҳибкорон, кишоварзон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон чораҳои мақсаднок амалӣ гардида истодааст.
Баъдан раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба аъзоёни Шӯро, раисони шаҳру ноҳияҳои истеҳсолкунандаи маҳсулотҳои кишоварзӣ, сохторҳои дахлдор вобаста ба таври ҳатмӣ содироти молу маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумлаи пиёз ба хориҷи кишвар аз сатҳи маҳал тариқи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон, ташкил ва ба роҳ мондани тартиб ва ҳуҷҷатгузориҳои, гумрукӣ, стандартӣ, сертификатсия ва савдо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Сипас аз рӯи масъалаи якуми ҷаласаи Шӯро «Дастрас, омӯзиш ва паҳн намудани матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои соли 2022 маърӯзаи мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Аминҷонов Содиқ ва аз рӯи масъалаи дуюми ҷаласаи Шӯро маърӯзаи раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам вобаста ба масъалаи «Роҳандози намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба самтҳои асосии Паём шунида шуд.
Баъди шунидани маърӯзаҳо, раиси Шӯро вобаста ба аҳамият ва иҷрои самтҳои асосии Паём ба роҳбарони ташкилотҳои дахлдор, раисони шаҳру ноҳияҳо тавсияҳои судман пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин аз рӯи масъалаи 3-юми ҷаласаи Шӯро маърузаи роҳбари корхонаи воҳиди давлатии почтаи Тоҷик дар вилояти Хатлон шунида шуд.
Аз рӯи масъалаи чорум маърӯзаи комиссари ҳарбии вилояти Хатлон Солизода Умедҷон вобаста ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохӯрию мулоқотҳо бо аҳли ҷамоат дар кучаю маҳаллаҳо, ташкилоту муассисаҳо, баромад тавассути ахбори омма оиди даъвати шаҳрвандони сину соли хизматӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва рафти иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ дар соли 2022 шунида шуд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати сифатнок анҷом додани нақшаи даъвати баҳорӣ, баргузории суҳбату вохӯриҳо баҳри ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар идома аз рӯи масъалаи панҷуми рӯзномаи ҷаласаи Шӯро маърӯзаи Сардори идораи Телевизион ва радиои вилояти Хатлон Соҳибназари Муҳаммад Ғоиб вобаста ба «Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохурию мулоқотҳо бо аҳли ҷамот дар кучаю маҳаллаҳо, дар ташкилоту муассисаҳо, баромад тавассути ахбори омма оиди сарфакорона истифода бурдани қувваи нерӯи барқ ва об, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон шунида шуд.
Дар охир аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба таъмини волоияти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо, содир намудани кирдорҳои коррупсионӣ, мунтазам гузаронидани чорабиниҳои таблиғотӣ – ташвиқотӣ дар байни ҷавонон, мафкурасозӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, беҳтар гардонидани сатҳу сифати барномаҳои телевизиони давлатӣ, ва саривахт дастрас намудани рӯзномаю маҷаллаҳои даври ба обуначиён дар назди аъзои шӯро ва дигар масъулон вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.