Шанбегӣ дар Суди вилояти Хатлон ва истифодаи самараноки замини назди бинои суд

  

3 декабри соли 2021 дар суди вилоят шанбегӣ гузаронида шуда, дар он раиси суди вилоят муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовинони раиси суд,  судяҳои суди вилоят ва кормандони дастгоҳи суди вилоят иштирок варзиданд. Дар шанбегӣ боғу заминҳои ёрирасони назди бинои суди вилоят тоза карда шуда, замини бекорхобида коркарда карда шуда, дар он сабзавот шинонида шуд.

Инчунин, бо ташабуси роҳбарияти суди вилоят ҳосили сабзавоте, ки пештар дар замини бекорхобидаи назди бинои суди вилоят кишт карда шуда буд ҷамъоварӣ карда шуда, ба ҳамаи кормандон тақсим карда шуд.