Шанбегӣ дар Суди вилояти Хатлон

  

Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Иди байналмилалии Наврӯз дар Суди вилояти Хатлон мунтазам шанбегиҳо гузаронида шуда истодааст.

Дар шанбегӣ тамоми кормандони дастгоҳи суди вилоят ҷалб карда шуда, гирду атрофи бинои суди вилоят ва дарахту буттаҳо рангу бор карда шуда, гулҳои мавсими шинонида шуд.

Роҳбарияти суди вилоят тасмим гирифтааст, ки ҳар ҳафта шанбегиҳо гузаронида, бино ва гирду атрофи онро дар ҳолати тозаву озода нигоҳ доранд.