ШИНОСОӢ БО СУДЯҲОИ НАВТАЪИНШУДА ДАР СУДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН (14.08.2020 сол)

Санаи 14 августи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бо иштироки судяи Суд Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азиззода Зафар Нусрат, раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад ва муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон тмуҳтарам Бойзода Темур Гулбой, судяҳои суди вилоят ва кормандони дастгоҳи ин суд шиносоии судяҳое, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1586 аз 13 августи соли 2020 сол таъин карда шуданд, баргузор гардид.

Дар шиносоии мазкур судяи Суд Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азиззода Зафар Нусрат оиди судяҳои таъиншуда маълумот дода, барои кори минбаъдаи онҳо муваффақияту зафарҳоро орзу намуда, таъкид дошт, ки дар фаъолияти худ пурмасъулият буда, поквиҷдонона адои хизмат намоянд ва ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судягӣ даст назананд.

Хотиррасон менамоем, ки бо Фармони мазкур як қатор раисони судҳо, муовинони раисони судяҳо ва судяҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод гардиданд.

Бо Фармони зикршуда Аҳёзода Шамсулло Салим аз вазифаи раиси Суди шаҳри Норак озод карда шуда, ба вазифаи муовини раиси Суди вилояти Хатлон таъин карда шуд.

Инчунин, Муҳидинзода Сайфидин Салоҳ аз вазифаи муовини раиси Суди вилояти Хатлон озод карда шуда, ба вазифаи муовини якуми раиси Суди шаҳри Бохтар таъин гардид.