ШИНОСОИИ СУДЯҲОИ НАВТАЪИНШУДА (10.02.2020 сол)

Санаи 10 феврали соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бо иштироки муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Исҳоқӣ Амирхон, раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, шиносоӣ бо судяҳои суди вилоят, раисони судҳо ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2020, таҳти №1452 ба вазифаи судя таъин карда шудаанд, баргузор гардид.

 

Инчунин дар шиносоии мазкур судяҳои ҷавоне, ки муддати як сол ҳамчун коромӯз-судя фаъолият доштанду бо фармони зикршуда ба мақоми судягӣ таъин гардидаанд, иштирок варзиданд.

Дар шиносоӣ муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Исҳоқӣ Амирхон ҳар як раиси суд ва судяи таъиншударо дар алоҳидагӣ шинос намуда, тибқи дастуру супоришҳои роҳбари давлат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ба кишвари худ ва мардуми азизи худ содиқона хизмат намоянд, адолати судиро татбиқ намуда, пойдор будани ин адолатро устувор нигоҳ доранд, ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судягӣ даст назананд, парвандаҳоро сари вақт ва бо сифат баррасӣ намуда, қарори қонунӣ ва асоснок қабул намоянд.