Суҳбату вохурӣ бо сокинони ва фаъолони ноҳияи Қубодиён

Санаи 7 апрели соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 ва Гимназияи давлатии ҷамоати деҳоти Вобканди ноҳияи Қубодиён суҳбату вохурӣ бо сокинон ва фаъолон баргузор гардид.

Дар вохурии мазкур раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, судяҳои суди вилояти Хатлон муҳтарам Муминзода Ҳасан Камол, муҳтарам Мирзозода Абдуҷаббор Азиз ва раиси Суди ноҳияи Қубдиён муҳтарам Мамарасулзода Саидҷафар Мамарасул иштирок доштанд.

Суҳбату вохӯриҳо дар хусуси фаҳмондани мазмун ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта, истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистони» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», кам кардани синни никоҳӣ, бекор кардани ақди никоҳ, баҳсҳо вобаста ба қитъаҳои замин ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баргузор гардид.