Суҳбату вохурии кормандони дастгоҳи суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо кормадони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Санаи  30 январи соли ҷорӣ дар толори Маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлоон бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, судяи Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Абдуҷаббор Азиз, кормандони дастгоҳи суди вилоят, судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон суҳбату вохриҳо баргузор гардид.

Дар ин вохурӣ аз ҷониби Раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор пешниҳодҳои Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон доир ба пешгирии сабабу шароитҳои омилҳои коррупсионӣ байни кормандони дастгои судҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Инчунин, дар вохурии мазкур кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оиди таъсиси Агентии зидди фассод, фаҳмондани муҳтавои қонунгузории мубориза бо коррупсия ва барномаҳои давлатии пешгирии коррупсия баромад намуданд.