Суханронии раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам Пираҳмад ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Норак

Ҳамдиёрони арҷманд!

 

Ҳамаи Шуморо ба ифтихори фарорасии ҷашни суннатии ниёгонамон – Наврӯзи оламафрӯз аз номи худам, шахсан аз номи Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода самимона шодбош гуфта, бароятон саодатмандӣ ва рӯзгори хубро орзумандам.

Ҷашни Наврӯз бо фарогирии унсурҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва ғояҳои неки инсондустонааш дар байни сокинони ноҳияву вилоятҳои мухталифи кишвар ва дар миёни тоҷикони  бурунмарзӣ тӯли садсолаҳо дорои тобишу ҷилваҳои рангин гаштааст. Сокинони минтақаҳои Тоҷикистон, ба хусус вилояти Хатлон, ин ҷашни ниёгонро бо расму одатҳои хос таҷлил менамоянд, ки аз ғановати фарҳангии миллати мо далолат мекунад.

Пас аз он, ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат Наврӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷашни ҷаҳонӣ эълон шуд, аз соли 2010 ба ин тараф дар сартосари Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон ватани Наврӯз аст” маърака ва маҳфилҳои бошукӯҳ доир мегарданд.

Басо хушоянд аст, ки дар даврони истиқлол дар ҷашнҳои калоне, ки маркази ноҳияву шаҳрак ва ҷамоатҳо барпо мегарданд, илова ба урфу таомули суннатӣ, инчунин намоиши маҳсулоти ҳунармандӣ, анвои нону шириниҳо ва таомҳо сурат мегирад. Кадбонуҳои хатлонӣ ба ҷуз оростани дастархонҳои ҳафтшину ҳафтсин, таомҳои миллии анъанавӣ ва навъҳои гуногуни ҳалворо таҳя мекунанд.

Имрӯз мардуми шарафманди вилоят бо ҳисси меҳру муҳаббат ва эҳтиром ба фарҳангу суннатҳои ниёгон ойинҳои наврӯзиро пос дошта, ин ҷашни аҷдодиро бо шаҳомату нишоту сурур таҷлил менамоянд.

Ифтихорманду сарфарозем, ки ба шарофати истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва бо ибтикори Пешвои муаззами миллатамон Наврӯз – ин ойинаи бебаҳои аҷдодӣ эҳё шуда, барои рушди минбаъдаи русуми наврӯзӣ заминаи мусоид муҳайё гушатааст.

Наврӯзи имсола дар Тоҷикистон ба ибтидои  панҷсолаи рушди  саноати мамлакат ва оғози омодагиҳо ба ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ рост омадааст. Бинобар ин, аз ҳамватанон даъват мекунам, ки корҳои ободниву бунёдкориро барои татбиқи ормони миллӣ – саноаткунонии босуръати мамлакат, рушди соҳаи кишоварзӣ ва истиқболи арзандаи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлолият вусъат бахшем, иҷрои нияту нақшаҳои созандаамонро таъмин намоем ва шаҳру ноҳияҳои вилоятамонро боз ҳам ободтар созем.

Махсусан, деҳқонони асилу шуҳратманди шаҳри Норак дар баробари чорабиниҳои ҷашнӣ, аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ истифодаи самарабахш намуда, аллакай киштукори баҳорӣ ва коштани донаи умедро, ки файзу баракати хони наврӯзии мардумамон мебошад, оғоз кардаанд ва бо заҳмати пурмаҳсулашон барои ҳосили фаровони зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ заминаи устувор хоҳанд гузошт.

Бо ҳамин нияти нек, бори дигар, тамоми сокинони  шарафманди  шаҳри Норакро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона таҳният гуфта, ба ҳамаи Шумо тандурустӣ, комёбӣ, бахту саодат, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидона, пешрафту дастовардҳои  рӯзафзун орзу менамоям.

Ҷашни Наврӯзи фархундапай муборак бод, дӯстони азизи!