Таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак

  

Санаи 22 марти  соли ҷорӣ ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ дар майдони марказии шаҳр чорабинии тантанавӣ  бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ бо иштироки меҳмонон  доир гардид.

Дар чорабинӣ Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, иҷрокунандаи раиси шаҳри Норак муҳтарам Мирзозода Иброҳим Холмурод ва роҳбарони ҳифзи ҳуқуқи шаҳр иштирок намуданд.

 

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад,  раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иштирокчиёни тантанаи наврӯзиро бо фарорасии ҷашни миллӣ шодбош намуданд.

 

Қобили  қайд аст, ки бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба  як қатор роҳбарон, фаъолон ва ҷавонони шаҳр, барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ бо Сипосномаҳои раиси шаҳри Норак  қадрдонӣ  карда шуданд.

Дар фарҷоми қисми тантанавӣ  Барномаи театрикунонидашудаи  бахши фарҳанги шаҳр  пешкаши меҳмонон ва аҳолии шаҳр гардонида шуд.