Таҷлили «Рӯзи модарон» — 8 Март
Санаи 7 марти соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи бинои суди вилояти Хатлон бо иштироки раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилоят «Рӯзи модарон» бо тантана таҷлил гардид.
Раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор бонувони дастгоҳи суди вилоятро бо Рӯзи модарон табрик намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд. Баъдан судяи суди вилояти Хатлон муҳтарам Аҳмадзода Маҷид ва сардори шӯъбаи коргузории суди вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Фаридун табрик намуданд.